Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

Афзоиши одамрабоӣ ва гирифтори узбакҳо ба бардагӣ дар Қазоқистон

4 сентябр 2013, 11:10

Созмони байналмилалии оид ба муҳоҷират дар Қазоқистон мегӯяд, вақтҳои охир дар ин кишвар ҳолатҳои одамрабоӣ бештар сурат мегирад.

Ба иттилои торнамои “Кzinform”, ин ниҳоди байналмилалӣ далели афзоиши одамрабоӣ дар Қазоқистонро набудани ҷойҳои корӣ ва муҳоҷирати дастаҷамъонаи мардуми деҳот ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар арзёбӣ кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар Қазосқистон аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон ба бардагӣ гирифтор шуда, худи қазоқон бисёртар дар Туркия, Русия ва Имомроти Муттаҳидаи Араб қурбонӣ одамрабоӣ мешаванд.

Дар давоми 9 соли охир дар Қазоқистон 962 нафар аз чанги одамрабоён халос карда шудааст, ки аз ин нишондод 523 ҳолати бардагии шаҳвонӣ, 439 ҳолати бардагӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!