Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Дар Душанбе масъалаи аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид

26 июл 2011, 06:08

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба масоили аққалиятҳои миллӣ Кнут Волебекро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, қабл аз шурӯъи нишаст Зарифӣ ҳамдардии худро дар мавриди ҳаводиси рӯзи 22-юми июл, ки  дар шаҳри Осло ва ҷазираи Утойяи Норвегия ба вуқӯъ пайваст ва ҷони 93 нафарро рабуд ба ҳукумат ва мардуми ин кишвар иброз дошт.   
Зимнан, ҷонибҳо масоили марбут ба ақалиятҳои миллӣ ва этникиро баррасӣ карда, ба мавқеъи сафир Волбек шинос шуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳам бо САҲА ҳамкориро дар самтҳои гуногун тақвият дода, суботи минтақа ва амнияти кишварро таъмин хоҳад кард.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!