Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Саудӣ зоирони Маккаро ба бастани дастпона маҷбур мекунад

4 сентябр 2013, 16:10

Интизор меравад, Арабистони Саудӣ зоирони хонаи Худоро минбаъд ба бастани дастпонаи электронӣ бо иттилои ҳувияташон маҷбур созад. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ такя ба иттилои Кумитаи дини Узбакистон хабар додаанд.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим дорад, дар даромадгоҳҳои шаҳри Макка 7 дарвозаи эелектронӣ ба хотири беҳбуди шароит ва таъмини амнияти зоирон насб кунад. Аз ин рӯ, зоирони Маккаро лозим меояд, ки ҳангоми вуруд ба ин шаҳр тавассути дарвозаҳои мазкур дастпонаи электронӣ дар даст дошта бошанд, то ҳувият ва қонунӣ будани будубоши онҳо дар Арабистони Саудӣ равшан шавад.

Бандар ал-Ҳаҷҷар, вазири Арабистони Саудӣ оид ба умури ҳаҷ гуфтааст, қарор аст, ин иқдом то мависми “Ҳаҷ-2013” амалан иҷро шавад. Манбаъ мегӯяд, дар тендери ин лоиҳа беш аз 30 ширкат иштирок хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 5 сентябр 2013 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Датспона узбакхо мегуянд. Ба точики дастмона мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!