Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:54

Тоҷикистон дар бахши об аз туркҳо пуштибонӣ хостааст

5 сентябр 2013, 08:55

Тоҷикистон ният дорад, таҷрибаи Туркияро дар бахши идораи об роҳандозӣ кунад.

Вазорати хоҷагии обу ҷангали Туркия бо пахши як иттилоия таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба таҷрибаи ин кишвар дар бахши об зикр карда, таъкид намудааст, ки Душанбе дар бахши об аз Анқара пуштибонӣ хостааст. Мақомоти Туркия мегӯянд, дар ҳошияи конфронси байналмилалии об дар Душанбе, Нуриддин Акмон, муовини вазири обу ҷангали Туркия бо вазири хоҷагии оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов мулоқот карда, аз ҷумла дар мавриди омодосазии мутахассисони соҳаи об дар Туркия гуфтушунид кардаанд. Бобокалонов аз ҷумла изҳор доштааст, ки Тоҷикистон хостори ҳимояти Туркия аз сиёсати Тоҷикистон дар бахши истифодаи дарёҳои фаромарзӣ аст.

Тибқи иттилоияи Вазорати хоҷагии обу ҷангали Туркия ба наздикӣ сафари Раҳмат Бобокалонов ба Анқара дар назар аст, ки зимни он гуфтушуниди ин масоил пешбинӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!