Бахшҳо
05 сен 2013 09:02Тоҷикистон / Сиёсат

Тӯраҷонзода: “Илтимоси ман ҳамин ки номусро аз даст надиҳед”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, ҲНИТ-ро “ормони оянда” дониста, аз аъзову ҷонибдорони он хостааст, ба амонате ки дар дасташон ҳаст, хиёнат накунанд.

Оқои Тӯраҷонзода рӯзи чоруми сентябр, ҳангоми роҳандозии сайти русии Наҳзат.ТҶ дар ин бора сухан гуфта, афзудааст, “ҳамаамон кӯшиш кунем, ки Наҳзатро ҳифз кунем. Наҳзат ин ормони ояндаамон аст.”

Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳоло ҷавонони боистеъдод, махусусан аъзо ва ҷонибдорони наҳзатро бо пулу мол, бо фиребу найранг ва бо таҳдид кӯшиш мекунанд, ки аз ҳизб хориҷ кунанд. “Кӯшиш доранд, ки бо маблағҳои калонтар ба дигар ҷойҳо истихдом кунанд. Аз ҳамаи Шумо илтимоси ман ҳамин аст, ки номусро аз даст надиҳед. Касе ки дар ин риштаҳо кор мекунед, ин дасисаҳои душманро фаромӯш накунед. Ба ҳамаатон ибтикори амал мехоҳам”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик дар идома аз он нигаронӣ кардааст, ки ҳоло минбарҳо дар дасти касонест, ки дилашон ба Ислому пайравони он намесӯзад. Вай гуфтааст, “бубинед, ду фоҷиае, ки моҳи гузашта ошкор шуд; яке дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре дар ноҳияи Қумсангир, ки бо духтарони худашон ҳамхоба шудаанд. Онҳо тоҷиканд ва худро мусалмон мегиранд. Ҳамин нишонаи он аст, ки дигар чанд сол аст, ки амри маъруф ва наҳйи мункир нест. Мардум имкони шунидани аҳкоми илоҳӣ, мавъизаҳои ба дил ва андеша таъсиркунандаро надоранд ва барои шунидани чунин мавъизаҳо минбар нест ва гӯяндае нест. Гӯяндаҳое, ки имрӯз минбарҳоро забт кардаанд, аслан дар ғами Ислом ва дар ғами наҷоти ин миллат нестанд ва аслан дар ғами ислоҳи ахлоқии ин миллат нестанд.”

Аз ин рӯ, оқои Тӯраҷонзода Ҳизби наҳзати исломиро барои тарбияи мардум хеле муҳим донистааст. ҲНИТ ҳоло бо бештар аз 40 ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мӯҳр
Сад дар сад хак чониби шумост устод.

cафар
Таърих гувохаст. Агар шахс таърихи гузаштаи худро надонад имруз ва ояндаи худро сохта буниёд карда наметавонад.
мухтарам Кози барои хамин хотир чашмакзанихои шумора таърих фаромуш намекнад.

Аз ХНИТ як илтимос: мардонавор ходисахои конкретиро, дасисахоеро, ки вакти чанг бо гунохи шумо руй дод, эътироф ва тавба намуда, аз мардум барои гуноххоятон бахшиш пурсед. Аз фарзандоне, ки бе падар монданд. Кадом бачаи дар натичаи амалхои майдон ва баъди он бепадармондаро ёри расондаед, гуед? Чаро онхо ягон бор ба ёдатон наомаданд? Чи хел дар интихобот галаба карда баъд гами халкро хурда метонед, ки гами як кисми хурди бо айби шумо бесаробонмондаро ягон бор нахурдед? Ана хукумат дуруггую шумо ростгу ва хак - кани кори хакро карда гуноххоятонро як-як эътироф созед. Наметавонед. Рупуш мекунед.
Чаноби Турачонзода, ба мардум хизби ХНИТ не, балки таргибу тарбияи дини даркор. ХНИТ бошад танхо Хизби сиёси аст. Чи даркор онхоро реклама кардан?

Мухтарам Кози ба модари касе чашмак назадааст, ин дуруг аст!

вазирбег
cафар,
Камол,
Мард барин хукумат фьли хам дар навбати худ гунохи кардаашро ба кала гирад. дар Тирмиз тайори дид, аз Шахритуз сар карда то Душанбе бо Техникахои вазмин бо хамрохи армияи Узбакхо мардуми точикро Гинацид кадау ба он тарафи Аму гурезонде бигузор бахшиш пурсад

Мухаммад
ХНИТ- ормони оянда мо! Чи сухани хубу хаккест ин. Ахсан Устод.

Сайёди Савр
Камол,
Дусти гиромии ман Камол. Чаро шумо хамеша андешахои чаноби сарваратон ва аблахонро мегуед. Охир боре фикри худро хам нависед. Ман аслан чонибдори ХНИТ нестам, аммо инхо чи гуна кор бикунанд, ки хама дар дасти хизби хоким аст. Ва дар муддати чанд соли хукрони ин хукумат ба мардуми мо чи дод? Мухочират, бетарафи, бешарафи, беимони, бемехри, худхохи ва боз садхои дигар. Аз ту хохиш факат ин аст, ки бас аст факат "хатои" як чонибро гуфтан, замони он расидааст, ки гунохи чониби дигарро низ бигуем.

Сайёди Саври низ мухтарам. Инхо андешахои шахсии мананд. Ман мехохам неруе бошад, ки ба он эътимод дошта бошам. Камбудии "чониби дигар"-ро хама чандин сол боз мегуянд, бародар. Вале ХНИТ, ки даъвои покиро дорад (чун ислом пок аст) чаро пок шудан аз олудагихоро намехохаду хатогиъояшро коил намекунад? Магар барои ёри ва ё хатто факат дикат ба кудаконе, ки падархошон он рузхо кушта шуданд, "хизби хоким" будан зарур аст? Давоми солхо ХНИТ хатто напурсид, ки тифлакони одамони бо даъвати ин хизб (ё дар рохбарии майдон ХНИТ иштирок надошт?) бапохеста ва кушташуда чи хол доштанд. Ман намедонам, аз масъулият метарсанд ё аз маълум шудани баъзе чузъиёти маргхо ё чизи дигар, вале дили гамхори халк медоштанд, як бор тарафи он тифлакон намегаштанд? Ислом магар инро намеомузонад? Ман покии одамонеро мехохам, ки номи Исломро парчам мекунанд. Ва риояи талаботи Исломро. Вагарна парчами дигар гиранд. Ба ин акида хак надорам, бигуед?

сафар
вазирбег,
Хукумат Рахмонов мардаст ки гунохи шумо барин калабурора бахшид авал дуруст тахлил намо !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

комил
Агар ХНИТ 40 хазор азои номнавис дошта бошад гайри сабти ном 4000000 хаст такрор мекунам 4000000!мо тарафдори хнит ба пеш арра.................................

комил,
baroi i gapa guftan boyad warm dori va i harfam hamu odami be nomus mega

точик
“Кӯшиш доранд, ки бо маблағҳои калонтар ба дигар ҷойҳо истихдом кунанд.
Яъне чи? Пулхои додагитон кам будиян? ибораи пулхои калонтарро истифода карден!!!!!

Мухаммед
Ба Камол! Ту ИНИОНу мусалмон нести,нахзат Киро кушт кани мисол биер! Касофат 90% мардуми дар чанг кушташуда аз чониби Фронт халки кушта шудаанд.

Салом ба хаммаи халки точик.!!! ман асосан хайронам хамаи марлум гунохро дар мусалмонхо мебинанд .эй мардум бедор шавед чанг кори дасти ин мардум набуд инхо хама тухматаст .

Салом ба хаммаи халки точик.!!! ман асосан хайронам хамаи марлум гунохро дар мусалмонхо мебинанд .эй мардум бедор шавед чанг кори дасти ин мардум набуд инхо хама тухматаст .

siroj
Turajonzoda iltimos jang nashavad digar dar Tojikiston baroiki gaphoi shumo dubora mardumro garang kardestai boz vatanamon vairon nashavad mardum gureza nashavad khufat ham dubora ba aron nagurezi

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)