Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Вазорат хабари боздошти чатрбозонро нодуруст хонд

5 сентябр 2013, 09:25

Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, хабари боздошти чатрбозон, ки дар расонаҳои дохилию хориҷии ин кишвар паҳн шудааст, дурӯғ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли Вазорати умури дохилии кишварашон аз боздошти чатрбозон иттилоъ дода буданд.

Ба гуфтаи онҳо, “чатрбозон, ки аз фуруд омаданашон чӯпонҳо бонг задаанд, варзишгарони украинӣ будаанд, ки бе огоҳии пешакӣ субҳи барвақти 29-уми август дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд бо делтапланҳо парвоз кардаанд." Ба иттилои манбаъ айни ҳол бо варзишгарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки субҳи 29-уми август чӯпонҳои қирғизу тоҷик аз фуруд омадани чатрбозони номаълум дар вилояти Бодканд, ҳудуди 30 километр дуртар аз деҳаи Ворухи Тоҷикистон хабар доданд. Дар пайи ин хабар мақомоти тоҷику қирғиз барои пайдо кардани чатрбозон пардохтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!