Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

ВКД “Иллюзия обмана”-ро дар “Спартак” намоиш медиҳад

5 сентябр 2013, 10:13

Бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон филми “Иллюзия обмана”-и Луи Летерре, коргардони машҳури фаронсавӣ, барои меҳмонон ва сокинони пойтахт зери фазои боз намоиш дода мешавад.

Ин филм бо дастгирии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми сентябр соати 17:00 дар майдони варзишии “Спартак”-и шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мешавад.

Филми “Иллюзия обмана” аслан дар бораи 4 чашмбанде суҳбат мекунад, ки мехоҳанд бо роҳи чашмбандӣ бонкеро ғорат намоянд ва он то кунун дар Амрико ва Русия намоиш дода шудааст. “Иллюзия обмана”, ки 120 дақиқа давом мекунад, истеҳсоли Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса буда, соли 2013 ба навор гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!