Барои Иди каду пул ҳаст, барои ручкаи интихобот не?
5 сентябр 2013, 14:30
Абдулазизи ВОСЕЪ
Дар арафаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ба мавзӯъҳои фаровони марбут ба ин маърака, назири баҳсҳои пешбарии номзадҳо, нигарониҳо аз фишор болои аҳзоби мухолиф ва садҳои дигар ахиран худкор ё ручка ҳам пайваст.
Гап сари ин аст, ки ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) онҳо чандин бор пешниҳод кардаанд, ки варақаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда нашаванд, “аммо ба мо мегӯянд, барои таъмини ҳавзаҳои интихоботӣ бо ручка маблағ надорем”. Раиси ҲНИТ ва вакили парлумон аз ин ҳизб мегӯяд, чунин далелҳо бояд набошанд. Ба қавли ӯ “дар Тоҷикистон камтар аз 4 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ ҳаст ва барои таъмини онҳо бо ручка ҳамагӣ ҳазор сомонӣ кифоя аст”.
Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) ваъда кард, ин навбат омодагии хуб дидаву 25 намуди маводи конселяриро ба ҳамаи ҳавзаҳо дастрас хоҳанд кард. Вале аҷаб нест, боз ручка фаромӯш шавад. Чун ба гуфтаи Шоҳиён бо далели ҳимояти молӣ наёфтан аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ КМИР ба мушкили молӣ рӯбарӯст. Ӯ афзуда, ки протоколҳои ҳавзаҳои интихоботиро наметавонанд ба ҳамаи нозирон дастрас кунанд, зеро тавони нусхабардории ҳамаи онҳоро надоранд.
Аҷиб аст, ки вақте сохтани қуттии шаффофро дар Хитой фармоиш доданд, аз набудани пул шикоят нашуд. Дар ҳоле ки аз ҳамин Хитой бо пули ночизе мешавад чандин халта ручка овард.
Барои дар хориҷи кишвар боз кардани ҳавзаҳои интихоботӣ аз мушкили пул ҳарф намезананд, аммо вақте сухан сари ручка меравад...
Баргардем сари ручка, ки Худо накунад ба чизи камёфту нодир табдил шавад. Агар пайдо кардани як чизе, ки 10 дирам қиммат дорад ин гуна мушкил бошад, пас тасаввур намекунам барои муҳайё кардани дигар маводи зарурӣ КМИР чӣ қадар азият мекашад. Бовар накарданист, ёфтани як ручка, ки бо он мешавад, даҳҳо варақаи интихоботиро пур кард, ин қадар душвор бошад. Фикр мекунам, ин ба далели дилбастагии масъулон ба қалам марбут аст. Онҳо аз рӯи ихлос ба гузаштаҳоямон қаламро аз ручка болотар мақом медиҳанд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдиву Ҳофиз ва даҳҳои дигар бо ручка нанавиштаанд-ку? Дур намеравем, Бозор Собир, шоири муосир ва муваффақ ҳам, ки ахиран бо даъвати раисиҷумҳур аз Амрико баргашту Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ордени “Ситораи Президент” дараҷаи 3-ро тақдим кард, ручкаро не, қаламро тавсиф мекунад:
Ҷебаке ки ман ба сари дил дорам
Ҷои пул нест барои қалам аст,
Қалами ман ба дилам наздик аст,
Ба ҳавои дилам одат кардаст.
Қалам чизи хуб аст. Агар хато навиштед, ба осонӣ мешавад ислоҳ кард. Дар варақаи интихоботӣ низ ҳамчунин. Барои як ғалат бо ручка як варақаро исроф кардан хуб нест. Аммо аз сӯи дигар вақти қалам гузашта. Агар зӯри КМИР барои бо ручка таъмин кардани ҳавзаҳо намерасад, пас бояд ҳатман чорае андешида шавад. Яке аз чунин чораҳо метавонад аксия бошад: Аз мардуми шарифи кишвар хоста шавад, ба таври ихтиёрӣ-маҷбурӣ ручка ҷамъ биёваранд. Дар ин масъала таҷрибаи кофӣ дорем - харидории саҳмияҳои НБО “Роғун” ва ҷамъоварии китоб барои Китобхона миллӣ.
Барои мисол, дар ҳар хонаводае, ки аз ду бештар фарди дорои ҳаққи раъй ба сар мебарад, чортоӣ ручка ҷамъ оварда шавад...
Бовар дорам, бо кумаки телевизионҳои давлатӣ маъракаи ручкаҷамъоварӣ дар сатҳи зарурӣ мегузарад. Дар ин миён хоҳишмандоне пайдо мешаванд, ки саховатмандона 100-у 1000 ручка ба ҳавзаҳои интихоботӣ хайр мекунад.
Масалан, ман омодаам, ки 100 ручка бидиҳам. Боз кӣ мехоҳад ба КМИР кумак намуда, дар баргузории интихоботи шаффоф саҳм гузорад?
Мо барои баргузории ҷашнҳо бо ҳазинаи бузург маблағ дорем. Барои сохтани баландтарин милаи парчам, барои бунёди биноҳои боҳашамат, ки ба онҳо ибораи миллӣ пайваст мешавад (китобхона, осорхона ва ғ.), барои баргузории Идҳои харбузаву каду, конфронсҳои обу нишастҳои сарони давлатҳо пул дорем, аммо барои харидани ручка зӯрамон намерасад...