Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Росбалт ва Регниум аз НБО-и Роғун чӣ мехоҳанд?

26 июл 2011, 06:47

«Бар асари заминларза сарбанди НБО-и Роғун дар Тоҷикистон хисорот дидааст», менависад «Росбалт» бар такя ба хабаргузории Regnum.


Заминҷунбие, ки шаби 20-уми июл ба вуқуъ пайваст, дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи мазкур низ эҳсос гардид, идома медиҳад ин расонаи хориҷӣ. «Такони замин дар ин минтақа 7 манзили иқоматиро тахриб карда, 35 нафар бе сарпаноҳ монданд». Ин ҷумла айнан аз линки хабар (http://www.rosbalt.ru/main/2011/07/25/872486.html) айнан оварда шудааст. Ба замми ин иттилоъ дода мешавад, ки бо сабаби даст кашидани коргарон аз идомаи умури сохтмон ва тибқи як дастури ҳукумат ҷараёни кор муваққатан қатъ гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи хисороти ворида аз заминларзаи ҳафтаи гузаштаро ба иқтисоди кишвар, хусусан ба НБО-и Роғун пахш накарда буд. Расонаҳои хориҷӣ бо нашри як чунин хабари бе манбаъ чӣ мехоҳанд , суолест дар посухи ҷавоб.

Ёдрас менамоем, тахминан соати 00:35-и шаби 20-уми июли соли равон дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Аз маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳамон вақт иттилоъ доданд, ки қувваи ин такон дар пойтахт аз рӯи ҷадвали 12-баллаи Рихтер баробар ба 4 балл буд. Расонаҳои хабарӣ навишта буданд, ки бино ба қавли маркази заминшиносии Амрико «дар водии Фарғонаи Осиёи Марказӣ як заминларзаи шадиди 6,2-баллӣ сабт шудааст. Маркази ин зилзила дар 40-километрии ҷанубуғарби Фарғона ва тақрибан 280-километрии пойтахти Тоҷикистон воқеъ будааст».{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!