Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Хуҷанд боз дар интизори президент. Мастчоҳу Ашт ҳам

5 сентябр 2013, 15:47

Интизор меравад, дар нимаи дувуми моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд сафар кунад.

Як манбаъ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло барои қабули раисиҷумҳур омодагӣ ҷараён дорад ва ба ин муносибат чандин иншооти ҷашнӣ ҳам омода шудааст. Манбаъ афзуд, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш ба ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ҳам хоҳад рафт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд сафари кории раисҷумҳур дар моҳи сентябрро тасдиқ кард, аммо рӯзи дақиқи онро нагуфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рафта, аз Ашту Конибодом ва Қайроққум боздид анҷом дода буд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, далели ин ҳама боздид ва мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ интихоботи қарибулвуқӯи президентист, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳарчанд оқои Раҳмон рӯшан нагуфтааст, ки дар ин интихобот ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард ё не, вале таҳлилгарон ӯро аз номзадҳои аслии ин интихобот медонанд. Ӯ то ҳоло се бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок ва пирӯз шудааст. Ҳарчанд мухолифонаш ба пирӯзии ӯ шубҳа доранд ва интихоботҳои гузаштаро пур аз тақаллуб мешуморанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хуҷандӣ

  • 5 сентябр 2013 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
омад, омадат гардам, ҷоне ! Боз роҳбандӣ, саргардонӣ ва зиёни сокинон. сара куҷо ба занем ошно...
Посух додан
  • tojik

  • 5 сентябр 2013 20:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kulobu nohiyahoi kuloba faromush nakuned eee hukumatdoron.ami xujandihora namefora az omadani prezident kujo meren oxi.ba raftani shumo 1-2-ruzeki hasted zindagii xujandiho vaznin meshudaast..eee sadkai prezident shavede.
Посух додан
  • Шер

  • 6 сентябр 2013 07:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин хабар бовар кунед зуд зуд бояд чаноб сафар ба минтакахо кунад хуб аст яъне ободи мекунанд. Холо роххоро асфалпуш карда истодаанд. Бехтарин. Чаноби хучанди агар ту хам президент мебуди хатман роххоро мебасти барои бехатари ин одати маъмулист.
Посух додан
  • 000

  • 6 сентябр 2013 09:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Омадани Президент хуб аст.Роххо обод мешаванд,асосан шохроххо....латифахо низ пайдо мегардаед... Асибаш ин аст.ки омдани ЧО шунида Хукуматхои аилояти Сугд кор намекунанд... Дар давоами дусоли охир чунин аст.... ВАкт нест пас аз ташрифи ПРезидент биёед,баъд ноухдабароии худро ба он нисбат медиханд,ки барои омодани Президент тайери медиданд.... Зинда бод интихобот ва раксу бози
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, далели ин ҳама боздид ва мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ интихоботи қарибулвуқӯи президентист, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Сохибназарон ва муаллифи мавод дигар коре надоред? Аку хар кори президенти кишварро ба интихобот рабт медихед. У президент аст кай хохад меояд! ика чирк накобетон!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!