Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Пешниҳоди ҷоиза ба раиси кушташудаи кони Назарайлоқ

5 сентябр 2013, 17:53

Турсунбой Боқир-уулу, вакил аз фраксияи ҳизби “Ору номус”-и Қирғизистон рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи парлумон пешниҳод кардааст, ки аз Нуриддин Темиров, раиси кушташудаи кони Назарайлоқ қадрдонӣ шавад.

Ба қавли ӯ, Нуриддин Темиров (Ҳоҷӣ Нуриддин) чанд сол қабл барои ҳалли низои Бодканд талоши зиёд кардааст. "Ӯ иштирокчии ҳаводиси Бодканд аст. Ба Афғонистон рафта, бо Толибон музокирот намуд, дар раҳо кардани чор асири ҷопонӣ кумак расонд. Хизматҳои ӯ барои Қирғизистон, бо ин вуҷуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, хеле зиёд аст. Биёед, ба ӯ ҷоизаи давлатӣ бидиҳем. Вай ба ин сазовор аст”,-гуфтааст Боқир уулу.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Нуриддин Темиров тахминан соати 00:30-и шаби 2-юм ба 3-юми сентябр аз сӯи шахсони номаълум дар утоқи истироҳатияш паронда шудааст. Темиров, директори кони ангишти Назарайлоқи ноҳияи Рашт буда, дар беморхонаи марказии ин ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Маҳмадулло Асадуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тафтишоти қазияи мазкурро вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов зери назорат гирифтааст.
Назарайлоқ яке аз конҳои калидӣ ва дорои ангишти хушсифати Тоҷикистон аст, ки дар 90 километрии маркази ноҳияи Рашт қарор дорад ва тақсими манофеъ аз ин кон яке аз омилҳои даргириҳои се соли пеш дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ҷамол

  • 5 сентябр 2013 20:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шармандагист бегонаҳо аз У қадрдонӣ мекунанд аммо ҳукумат(чун географияш дигар аст) парвое надорад.Агар ин Нуридин ЯЗНА мебуд оби Сурхоба мебастанд ё куҳҳои Раштро ҳамвор мекарданд ва далелҳои шайъӣ меёфтанд аммо масалаи У мисли латукуби Маҳмадалӣ ва Сайфулозода ва ... баъди андаке фаромуш мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!