Бахшҳо

Дастаи Рустами Эмомалӣ соҳиби Ҷоми “Истиқлол” ва 40 000 сомонӣ шуд

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар бозии финалии Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” тими кормандони ширкати “Вавилон”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, соҳиби Ҷом шуд.

Ин бозии футболи хурд, шоми 5-уми сентябр, бо ҳузури теъдоди зиёди мухлисону ҳаводорони футбол, дар майдончаи варзишии болопӯшидаи Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид.

Дар дақиқаи 35-уми дидор Комрон Шодиев, ҷавонтарин бозигари тими кормандони ФФТ тӯби нахустинро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид намуда, ҳисобро кушод. Пас аз як дақиқа голи дуюмро Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол” ба ҳадаф расонид. Голи сеюмро низ Комрон Шодиев зада, дубл шуд ва голи чоруми дастаи ғолибро Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ба ҳадаф расонид, ки ин гол дар ҷараёни бозиҳои Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” голи 26-уми ӯ ба шумор меравад. Голи ягонаи дастаи кормандони ширкати “Вавилон”-ро бошад дар дақиқаҳои охири қувваозмоӣ Мирзошариф Камолов ба ҳадаф расонид.

Пас аз анҷоми қувваозмоӣ раҳбарият ва футболбозони бошгоҳи “Истиқлол” ғолибони мусобиқотро бо медалҳои тило қадр қарда, ба онҳо Ҷом ва 40-ҳазор сомонӣ тақдим карданд. Ба бозигарони дастаи ширкати “Вавилон”, ки мақоми дуввумро касб карданд нишонҳои нуқрагин ва 20-ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз дастаи кормандони ФФТ, Анвар Мирзоев ҳамчун дарвозабони беҳтарини сабқат, Муҳсин Муҳаммадиев ҳамчун бозигари беҳтарин ва Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни мусобиқот аз ҳама бештар-26 гол задааст ҳамчун нишонзани беҳтарин эътироф шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пуллӣ сарфароз гардиданд. Ғайр аз ин ба бозигари дастаи кормандони “Вавилон” Нурҷаҳон Исмоилов барои голи беҳтарин, ба бозигар ва раиси “Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон”-Бахтиёр Худоёров, ҳамчун бозигари аз ҳама калонсол ва ба бозигари ширкати чинии ZTE, Синг Ҷунг Хунг, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад барои ширкаташ дар мусобиқот бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи дастаи “Истиқлол”, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин яке аз беҳтарин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад, ки дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда шудааст. Ӯ гуфт, “ташкилкунандаи асосии мусобиқаи мазкур Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳи “Истиқлол” аст. Дар ин мусобиқа, ки аз 17-уми август шурӯъ шуда буд, 32 даста барои Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” рақобат карданд ва дар умум 127 бозӣ баргузор шудааст.”

Ба қавли Рустам Ҳакимов Ҷоми “Истиқлол” ва нишонҳои тилову нуқрагин, ки ба бозигарони ҷойҳои якуму дуввум тақдим карда шуд, дар шаҳри Милани Италия омода гардидаанд.

Дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 6 бозӣ кардааст бидуни бохт соҳиби Ҷом шуд. Дар бозиҳои пешакӣ тими кормандони “Агроинвестбонк”-ро бо ҳисоби 8:4 ва дастаи кормандони Суди ноҳияи Синои пойтахтро бо ҳисоби 10:1 мағлуб карда буд. Дар бозии 1/8 ниҳоӣ дастаи кормандони “Амонатбонк” бо ҳисоби 7:3, дар даври 1/4 -ниҳоӣ дастаи кормандони “Ориёнбонк”-ро бо ҳисоби 3:2 ва дар бозии 1/2-ниҳоӣ дастаи кормандони “Бонки милӣ”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

ФИНАЛ
5-уми сентябр (панҷшанбе)
ФФТ - “Вавилон”- 4:1

Мӯҳр
Офарин икдоми хуб вале хандаовар 40 хазор сомони Истиклол ба Рустам & Со. Яъне пули худам барои худам. Лухтакбози ё театри мазхака! Аккалан аз Узбекистон ибрат гирен сарпарасати футболаш Гулнора аст, яъне зан ва чикадар ба рушди футбол кумак мекунад: стадионхои болопущи бохашамат ва дастгири ба инфрасохтори футбол. РУСТАМ БОЯД ИБРАТ ГИРАД АЗ ИН ЗАН ОХИР У МАРД АСТ. Пулхоро аз Швецария овардан даркор ва ФУТБОЛРО ЗИНДА КАРДАН ДАРКОР ТО ФАРДО ДЕР НАШАВАД ВА ОН ПУЛХОВУ ДАВЛАТУ САВЛАТ БА БОДИ ФАНО НАРАВАД. РS Рости хамин бозирам ба назарам честни наменамуд ба гуфти русхо СТРАННА ФФТ чомро гирифт(охи Рустамчон ин камандаба бози мукунанд бояд бурад). Бо умеди тавфик ва РУШДИ ФУТБОЛ Шер!

Ба Шер,ту шер инкадар одами беакл буди,1-Рустами э кучою Гулнора каримова кучо ту медони ки Гулнора ба чи коро машгуласт?ва медони ки маоши камандаи Гулнора чи кадараст ва сармурабияш ки хасту чи кадар маош мегирад??ёд дори ки вахте Рустами Э сармурабии тими миллиро аз хорича дават кард чи гапу таьнахояш карданд ки мардум дар мардикорию Рустам маоши сармурабии хоричиро 5000$ медихад холо он ки бозингарони камандаи Гулнора аз 6 000 то 10 000 долар мегиранд,чи халки узбак мухочир камбагал нест??
2-дар хусуси сохиби чом шудани дастаи ФФТ ,охир ту бо кадом акл мегуи ки Рустам бояд мебурд охир бингар дар камандаи Ффт кихоянд хама мурабиёни футболу кордонони футбол уно набаранд ки бояд барад,ту мегуфти камандаи ФФТ бояд бози намекард ин гапи дигар буд,хулас чизеро намеф немедони харфи бехуда назан..

Хусрав ман акл дорам лекин ин назари ман буд ва назари туро хондам ман эхтиром мекунам назари туро лекин кабул надорам ва туро беакл намегуям. Хуб. Гулнора ва Рустам хеч фарке надоранд (факат бо чинс) харду фарзанди Президент ва харду иктисоду тичорати кишварашонро идора мекунанд. Максади ман ин ки ба худнамои бас карда имконият хаст онро истифода бурд. Пул доранд лекин калла надоранд. 2юм Чома ФФТ ба хотири Рустам бурид барои имидж. Барои мисол бозихои клуби Истиклолро ки Рустам бози мекард факат мебурид баъди бас кардан бозихо дигаргун шуданд. Хулоса он ИМКОНИЯТИ МОЛИ ки РУСТАМ & Со дорад баро даххо Стадионхо замонави ва музди мехнати арзанда барои футболбозони тими Милли Точикистон мерасад факат кардан даркор ки фардо дер хохад шуд. Бо умеди тавфик Шер!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)