Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:40

Вазири нақлиёти Тоҷикистон молики ширкати IRS-ро намедонад

26 июл 2011, 07:08

Муасиси  ширкати «IRS» кист, дар ин хусус ростӣ ман  намедонам,- гуфт Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни як нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе сурат пазируфт.


Ин посухи вазир дар пайи пурсиши хабарнигор дар нишасти мазкур садо дод. Ин дар ҳолест, ки вазорати нақлиёт муваззаф аст, дар бораи арзу тӯли роҳҳои кишвар, истгоҳҳои он, хоса дар мавриди шоҳроҳҳо кулли маълумотро дошта бошад.  

Маврид ба ёдоварист, ширкати мавсум ба IRS, ки охири  соли 2009 дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷинияи Бритония аз сӯи шаҳрванди Тоҷикистон номнавис шудааст, дар соли 2010 бар асоси қонуни консессионии Тоҷикистон назорат ва пулчинии ҷодаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бо эъмори чанд плазаи толлингӣ ба ӯҳда гирифт.Дар пайи ин тасмим ва созишномаи дуҷониба истифодабараии ин роҳ пулакӣ шуд. IRS ё Innovative Road Solutions, аввалин ширкати нигоҳубини роҳ дар Тоҷикистон аст, ки шурӯъи фаъолияташ дар кишвар аз якуми апрели соли гузашта оғоз гардидааст ва бо гузашти 1 солу 4 моҳ касе муассис ва молики аслии ин корхонаро намедонад. Ва ё медонанду намегӯянд?  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!