Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:39

Гул Шералӣ гуфт, иқтидори нерӯгоҳи “Сарбанд” бештар мешавад

6 сентябр 2013, 08:43

Мақомоти Тоҷикистон ба шумули ширкати «Барқи Тоҷик » бо Бонки осиёии рушд дар мавриди таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ёддошти тафоҳум имзо намуданд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, НБО-и «Сарбанд» бо иқтидори умумии 240 МВт тақрибан дар 80 километрии қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе воқеъ гардида, сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Гул Шералӣ, вазири энегетика ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, «лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат дар якҷоягӣ бо «Барқи Тоҷик» ва Бонки рушди Осиё таҳия гардида, ин аввалин таҷдиди НБО-и калон дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи муосир мебошад.»

Ба гуфтаи вазир дар назар дошта шудааст,ки пас аз барқарорсозӣ иқтидори НБО-и мазкур ба 252 МВт расида, он метавонад дар як сол 1,13 млн кВт/соат нерӯи барқ тавлид намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом мухтарам Гул Шералй ман як донишчуи бахши (севуми) 3 ДКМТ мебошам хануз дар ин донишгох тахсил дорам.Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям,ки маро аз сабаби вазнин шудани азъи оилавиамон аз гурухи шартномаи ба гурухи бучави интикол намоед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!