Бахшҳо

Дар ҷустуҷӯи номзади ягона, ё шоҳзодаи савори аспи сафед кай меояд?

Марат МАМАДШОЕВ

Интизории эълони номзади ягона аз тарафи нерӯҳои мухолиф, беҳуда ба назар мерасад. Барои мисол, дафъаи охире, ки чи гуна будани номзади ягонаро баррасӣ карданд, ба хулосае омаданд, ки танҳо Паёмбар метавонад ҳамаи ин хислатҳоро доро бошад.

Рӯзҳо мегузаранд ва то замони баргузории интихобот вақти зиёд намондааст, аммо аз номзади ягонаи ваъдагӣ ҳамоно хабаре нест. Мо роҳбари боҳуш, ҷасур, беайберо интизорем, ки кишварро аз ин ботлоқ берун орад. Шоҳзодае рӯи аспи сафед...

Аммо аз ӯ хабаре нест...

Аммо гап сари он нест, ки ин танҳо орзуи кӯдакисту бас. Шаҳзодаҳо дар партовгоҳ намегарданд! Аспи сафедро низ дар ҷои лозимӣ намекобем!

Одаме, ки ҳама мушкилоти ҳаётро дар кишвари мо паси сар намудааст, муҳол аст як инсони поку бовиҷдон бошад. Аксаран, қиссаҳои шоҳону фармонравоёни одил бештар афсонаю ҳамосаанд. Кӣ медонад, Анушервони Одил ё ягон шоҳи дигар, дар ҳақиқат чи гуна будааст?

Дар ҳамин ҳол, агар гӯем шахсияти пешво он қадар муҳим нест, боз ҳам хато кардаем. Даъвои он ки дар тӯли таърих ҳеҷ як фармонравое барои халқи худ ягон кори дар ҳақиқат муфид накардааст, нодуруст хоҳад буд. Албатта, роҳбарони дар ҳақиқат арзанда буданд. Масалан, Ҷорҷ Вашингтон, ки бо хоҳиши худ ё Исмоили Сомонии худамон, ки натарсид аслиҳаро ба мардумаш диҳад.

Дар замони мо низ чунин раҳбарон ҳастанд. Саакашвили дар оғози кораш, сарвазири Малайзия Махатхир, ё ҳамин Эрдуғон. Путин дар оғози кораш низ бад набуд. Аскар Акаев низ дар солҳои аввал кӯшиш мекард коре карда бошад.

Хидмати ин одамон на дар сохтмонҳои бузург (ва бемаънӣ), балки дар кори ҳақиқию фоидаи онҳо буд. Онҳо тавонистанд фасодро коҳиш диҳанд, сармоягузории хориҷию дохилиро ҷалб кунанд, рушди иқтисод ва сатҳи ҳаёти мардумро боло баранд.

Роҳбар бояд маҳз ба ҳамин кор машғул бошад. На ин ки ба деҳқон нишон диҳад, чи гуна сабзавотро бояд кошт ва ҷамъ кард. Ҷиҳати дигари ҷустуҷӯи номзади беайб он аст, ки мо ҳамоно ба худ бовар надорем. Мо омода нестем бори тақдири халқу кишвар, тақдири худро ба дӯши худ гирем.

Мо розием роҳбаре бошад, ки ба мо фармон диҳад, ки ин ҷо раву он кор кун! Ва мо танҳо ҳарфи даҳони ӯро мунтазир бошем!
-Роғунро созем, ҳамаи ҷумҳурӣ роҳат мекунад,- бо ормон гуфт як шиносам. Мо дар хусуси роҳбар низ ҳамин фикрро дорем. Ӯро як бор интихоб мекунему боқии умр ӯ ба ҳар ҷонибе лаҷоми моро кашад, ҳамон тараф меравем.

Аммо дар ҳаёт чунин намешавад, ғайри қобили қабул аст! Дар хусуси ин масъала зиёд андеша рондан ҳатмӣ нест. Роҳбар, албатта, лозим аст.Ӯ бояд нафаре бошад, ки ба ҳадди лозимӣ боҳуш, доно, таълимдида, ватандӯст бошад ва, ба хусус, тавонад танқидро бо оромӣ қабул намояд. Ҳар чизи дигарро бояд ҷомеа ва сохтори он иҷро кунанд. Фикри ҷомеа, ҳизбҳо, ВАО, созмонҳои иҷтимоӣ, олимон, муассисаҳои динӣ ва ғайра. Ин ҳама бояд шабу рӯз роҳбарро, тими ӯро назорат кунанд ва иҷоза надиҳанд онҳо аз роҳи рост берун шаванд.

Муҳим аст дар кишвар расму оини ивазшавии ҳукумат офарида шавад. Дар Қирғизистон, масалан, ин кор қариб амалӣ шуд. Ҳикмати ҷопонӣ чунин аст, ки амалдорон, ҳаммонанди либоси сафед, то вақте наву тозаанд, хубанд. Ҳоло дар Бишкек газ ва оби гарм тамоми сол дар ҳама хонаҳо ҳаст. Дар Душанбе бошад, парчами баланд ва барномаи “Ахбор” ҳаст...
Мӯҳр
С
Сарварони давлатхо,дар холе, ки болои худи онхо назорат нест,худро чун ШОХ, мехисобанд,ва бо мурури замон ба диктатор табдил меёбанд.Дар ин холат хеч гох намехоханд,ки бо осони аз мансабашон даст кашанд.Аслан сарвари давлат будан,ин маънои онро надорад,ки иктисодиёти кишварро ба фоидаи худ истифода барад.Сарвари хар як давлат УХДАДОР аст ки мамлакатро аз хама чихат обод намояд ва бидуни ягон таърифу,ахсану,шеъру суруд.Аз тарафи халк набояд таърифи сарварони давлат, бо радиову телевизиону матбуоти омма дарч гардад.Чунки обод кардан ин вазифа ва ухдадории хар як сарвари давлат аст.Бигзор таъриф кунанд на бо ахбори омма.Ва хуб мешуд,ки як созмони байналмиллали ташкил мешуд,ки факат болои сарварони давлатхо назорати чидди мебурданд,то ки сарварони мамлакатхо аз худ нараванд,мамлакатро горат накунанд,ба халк зулм накунанд,ва ба диктатор табдил наёбанд.Дар холати шикояти халк нисбати хамон сарвар ба созмони байналхалки,тафтишот гузаронида шавад,ва дар холати исботи он, он сарвари давлат аз вазифа сабукдуш карда шавад.Дар ин холат ягон сарвар худро хокими мутлаки мамлакат гардонда наметавонад.Чунки медонад ки болои он боз калонтар хаст.

shohzoda in rustamjon ast.javoni kordon shudaast..rohbari javon mexohem biyoed rustamjonro rohbar e'lon namoem.agar az prezident rozi nested.

Саёди Савр
Устод, навиштахоятон мачбур сохт, то бигуям, Офарин! Мо вокеан ба рохбари бохуш, доно, таълимдида, ватандуст ниёз дорем. Худо кунад, ки чунин рохбар ба мо насиб бикунад. Вале аз худи мо низ вобастагии калон дорад. Имруз хама мегуянд, ки дар интихобот овози мардум ки президент шуданашро хал намекунад, шояд ин рост бошад, аммо агар мардум бихохад, хама кор имконпазир хаст.

Солех, ХХДТ
Марат худата бисёр доно гирифтй. Чй хел ботлокба фуру рафтагй аст, иктисоди мо? Як бор даста руи дил гиру бегараз бахо те. Як бор гузоришхои Чаноби Олиро хон, савод дорй ку. Мукоисахоро бин. Чй кадар пешравй аст. Агар ракамхоро дидан наметавонй, пас ба атроф нигар, ба Душанбе, ки чй хел зебо шуда истодааст. Бинохо сеххо заводхо. Дируз дар Ёвон заводи сементро ба кор дароварданд, солона як миллион махсулот мебарорад. Хамон Бадахшонатро бин чй кадар обод шуд. Солона даххо иншоот ба кор дароварда мешавад. Агар оппозисиюн бошй, илтимос оппозисиюни одилу вокей бош. Агар мо кур бошем, ки набинем, пас халки оддй мебинад. Ту ба Президент овоз нате, халк овоз медихад. Як овози ту чизеро хал намекунад. Агар гараз дорй, ба чизе муваффак намешавй. Хамон грантхои хоричй кати кор карда гард. Бале дуруст гуфти, ки оппозисиюн номзад намеёбад. Барои чй? Барои он ки дар Точикистон аз президенти мо дида, дигар номзади бехтаре нест. Эмомалй Рахмон президенти мост, ва мо ба у овоз медихем!!!

rost gufti ustoz-hamun rohbari guftagitu mexostagit hamin emomali rahmon ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)