Бахшҳо

Раиси дастгоҳи КМИР: Мо ба ручкаи касе ниёз надорем!

Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми сентябр дар ҳузури хабарнигорон танқисӣ аз маводи конселяриро рад намуда, таъкид кард, ки ба ручкаҳои касе ниёз надоранд.

Додоев афзуд, Комиссияи марказии интихобот дар ҳавзаҳо тамоми шароитро барои овоздиҳӣ муҳайё хоҳад кард: “Мо ба ручкаи касе ниёз надорем. Ҳама чиро худамон муҳайё мекунем.” КМИР мегӯяд, беш аз 25 номгӯи маводи конселяриро дар ҳавзаҳо фароҳам хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, чанд рӯз қабл дар мулоқот бо аҳзоби сиёсӣ бо ишора ба маблағгузорӣ нашудани баргузории интихобот аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ гуфт, КМИР дар ин интихобот бори аввал тамоми хароҷотро бар уҳдаи худ гирифта, имкони расонидани нусхаи протоколро ба ҳамаи нозирон надорад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар навбати худ аз пеш овардани далелҳое ба монанди норасоии маблағ интиқод намуд. Ба гуфтаи вай, барои нусхабардорӣ кардани протокол шояд ҳатто ҳазор сомонӣ масраф нашавад. Раҳбари ҲНИТ гуфт, ки “чандин бор пешниҳод кардем, то варақаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда нашаванд. Аммо ба мо мегӯянд, барои таъмини ҳавзаҳои интихоботӣ бо ручка маблағ надорем. Чунин далелҳо набояд бошад. Дар Тоҷикистон камтар аз 4 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ аст ва барои таъмини онҳо бо ручка ҳамагӣ ҳазор сомонӣ кифоя аст.”

Дар пасманзари ин гуфтаҳо бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштаанд, ки омодаанд барои саҳмгузорӣ дар интихоботи шаффоф ба КМИР ручка ё худкор тақдим кунанд.

Мӯҳр
Шохиёна бовар кунем ё ки муовинашро? ба фикрам ба хардуяш бовар мекунем зеро додов бо ручка таъмин мекунанд вале мумкин аст бо фоли Шохиён ва сабахои техники ручка беранг барояд. Аз ду сар интихобкунндагони азиз гирифтани ручкаро фаромуш насозед.

Болтуев дар хакикат мардаки коригар будай. Ин Комиссияи нави Додуву бедодув аллакай дар хамин як интихобот сару сомонашона гум карданд.

ТИБКИ ФЕХРИСТИ МАНСАБХОИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДАР КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИ МАНСАБХОИ ЗЕРИН МУКАРРАР ШУДААНД: РАИС, МУДИРИ КОТИБОТ, ЁРДАМЧИИ РАИС, САРМУТАХАССИС, МУТАХАССИСИ ПЕШБАР, МУТАХАССИС.

АЧОИБОТАШ ОН АСТ. КИ РОХБАРИ ДАСТГОХ АЗ КУЧО ПАЙДО ШУД Ё ТАВБА.

Шумо на ручка балки ба МОЗГИ ниёзи беандоза доред!!!)))))))))))

Нигохи нав
Айни хол Точикистон кушиш карда истодааст, ки ба чахониен хамкадам шавад! Шояд Мансаби Рохбари Дастгохи КИРТ як навоварие бошад дар Интихоботи имсола барои шаффоф гузаштанаш!!!!!

Айни хол Точикистон кушиш карда истодааст, ки ба чахониен хамкадам шавад! Шояд Мансаби Рохбари Дастгохи КИРТ як навоварие бошад дар Интихоботи имсола барои шаффоф гузаштанаш!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)