Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:32

Генерал, кишоварз ва як журналист даъвои президент шудан доранд

26 июл 2011, 07:23

Барои ширкат дар сабқати раиси ҷумҳурии Қирғизистон 23 нафар расман ариза пешниҳод намудаанд.


Дар ин бора маркази матбуотии КМИ-и Қирғизистон хабар медиҳад. Дар сафи муддаиёни курсии президентӣ, довталаби ду навбат нокомшудаи интихоботи президентии Қирғизистон Акбаралӣ  Айтикеев низ буда, хамчунин роҳбари хочагии деҳқонӣ, 5 нафар бекор, генерал -майори собиқи милиса, раиси собиқи Додгоҳи олӣ, соҳибкор, полковники мустафъии вазорати дифоъ, муҳаррири рӯзномаи овозадор ва ҳамчунин 5 номзад аз шумули 150 ҳизби сиёсии расмии Қирғизистон будаанд.

Дар ҳамин ҳол чеҳраҳои бонуфузи ин кишвар нахуствазири Қирғизистон Алмазбек Атамбаев,сарвари мухолифин дар порлумон Омурбек Текебаев ва чанд нафари дигар  тасмими ширкаташонро дар интихобот ҳанўз маълум накардаанд. Президенти вақти Кирғизистон Роза Отунбаева мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар ҳаққи ширкати дубораро барои талоши маснади президентӣ надорад. Коршиносони қирғиз гуфтаанд, бо ин вуҷуд, ки теъдоди зиёд худро муддаии курсии президентӣ эълон кардаанд, аммо барои иҷрои ин ният беш аз 30 миллион доллар маблағ лозим аст, ки танҳо 5 ё 6 нафари бозингарони сабқати президентӣ ин маблағро доро будаанду бас. Гуфтанист, ваколатҳои президенти давраи гузариши Қирғизистон Роза Отунбоева 31 декабр ба поён мерасад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!