Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Ҷонибек дар “Самарқанд” консерти хайрия медиҳад (САДО)

6 сентябр 2013, 14:25

Ҷонибек Муродов, овозхони маъруфи поп 12-уми сентябри соли ҷорӣ (соати 19:00) дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Самарқанд”-и Лондон ҳунарнамоӣ мекунад.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибек ба “Озодагон” гуфт, ин консерт хайриявӣ мебошад: “Консерти мазкурро Хазинаи хайриявии “Пешрафт” созмон дода, тамоми маболиғи аз фурӯши чипта ба дастомада барои корҳои хайриявӣ масраф мешавад”. Ҷонибек Муродов соли сипаришуда низ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Самарканд” ҳунарнамоӣ карда буд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 6-уми сентябр дар интернет барои аввалин бор клипи “Ҷудоӣ”-и ӯ муаррифӣ мегардад. Ҳамчунин, Ҷонибек ду таронаи худро сабт кардааст, ки феълан дар ҳоли танзим шудан ҳастанд. “Озодагон” яке аз ин сурудҳоро, ки бо шеваи теҳронӣ иҷро шудааст, дар ихтиёр дошта, порае аз онро барои хонанда пешниҳод мекунад:



Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29-уми майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шуруъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.

Вай ду бор ба дарёфти ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрико шарафёб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 «Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон» ва соли 2011 «Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна» шинохта шуд.

Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол», соли 2008 ғолиби озмуни «Ситораи сол» шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи соли 2011»-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи «Беҳтарин клип»-ро соҳиб гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чони бе бек

  • 6 сентябр 2013 16:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О дадата восита карда рафта дар худди Самарканд суруд хони , ки унчо ташнаи нагмаву садои точики будаги одамо хеле зиёданд ё Бухоро рафта.. Лондонда чи кор мекуни ду се та пулдори бефарханги худобехабара пешашда раксидаву чунбида .. баъд аз номи дадатам ва аз номи худатам ун "бек" х,отона гирифта партое ки тоза обруя бурде .. гап намезананд гуфта баъд хар кори хохед ва хар номи хохед ба худатон монда аз номи халки точик хунарнамои карда мегардед ми ..а? сеюм ин ки точикия нагз ёд гир... вай Садриддинатба ва шабнаматба хам гу...забони точикия нагз ёд гирифта гап зананд дар радио ва ТВ .. хусусан дар ТВ хои хорича..
Посух додан
  • Tajik

  • 6 сентябр 2013 20:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tuf ba rui tu barin Bahili nomard.! Az bajoi hursand shavi, ki Jonibek obrui Tojikoro mebardorad va boz tamomi pulro ba hayriya mesuporad Bo tu gap mezani. Hunar doshta boshi yagon nagzi rason ba millat!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ч,они бе бек о худатхам точикира намедони ку ? точико мысли ту гап намезананд. точико сони ё ми гуфтани гап надоран и гапи лениноботияй .
Посух додан
  • чони бе бек

  • 7 сентябр 2013 12:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо ду нафар чия мефахмед аз гапатон маълум ки савияи саводатон дар таги калуши ман аст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шабнам,Албаъд Ленинободихо Точик нестанд?ту забондон махалгароира медониву забони худ не! афсус бар шумо
Посух додан
  • tojik

  • 7 сентябр 2013 22:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
jonibek bachai xubai..in dar hamin dushanbe ba voya rasidaast..leninoboti gap zada nametonad.oxir jonibekhab kuhistoni astozaast.massha muroduf.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Самый лучший исполнитель которым гордимся дай Аллах ему достигнуть еще больших вершин и чтоб его сладкий голос всегда нас радовал

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!