Бахшҳо
06 сен 2013 14:00Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев ба 6 ҳазору 402 нафар маблағ дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарор кардааст, то 7-уми сентябр, бахшида ба ҷашни 22 –юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ба собиқадорон, маъюбон ва кормандони соҳаи роҳу кабудизоркунии пойтахт аз 500 то 750 сомонӣ, кӯмак ироа гардад.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ ба 6402 нафар сокини пойтахт аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 3 млн. 605 ҳазору 950 сомонӣ кӯмак расонда хоҳад шуд: “Аз ҷумла ба 131 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба андозаи 750 сомонӣ, ба 396 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 5 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 142 нафар раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ба андозаи 700 сомонӣ ва ба 79 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 310 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 114 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 174 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 3726 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои кабудизоркунӣ 500 сомонӣ, кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.”

Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ меафзояд, ки дар иртибот 6 сентбяри соли 2013 дар дар дафтари шаҳрдорӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолону собиқадорони пойтахт дар ҷаласаи тантанавӣ мукофотпулӣ дода шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро табрик гуфта, хоҳони он шудааст, ки минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардад.
Мӯҳр
Мухтарам шахрдори дар чамъомади назди Президент даъват карден, ки ба 727 нафар дар ховарон замин таксим карда медихем, кучо шуд заминомон?????

Daler67
Hamin Presidentu Meri shar az hisobi mardum khudashona sakhi meburoran da. Nafaqaro baland bardored, yagon kas ba in guna maqolanavisi mashqul nameshavad. Ozodagon chop kun - in fikri shaxsi ast.

behtarin.salomat boshed rais..agar nakunand meguem nakardand-agar yagon xubi kunand meguem xudnamoi ast.voi bar mo.

Шахрванди Точикистон,мири Душанбе,М Убайдуллоев.ба 6-хазору 402-нафар маблаг дод?.Аз киссаи худаш ё аз сандуки хонааш?.Солхои бачагиам,дар клуби колхоз мачлиси колхозчиён шуд.Дар руйхати баромад мекардагихо номи як мусафеди 76-77 -солаи дехкони бесавод хам буд.Ногох раиси мачлис як бухгалтери муйлабдори сару либосашу андомаш хам сталиннамо,бобои Мирзошарифро ба минбар хонд.Мусафеди почомааш суфи сафеди гардхурдаву челакаш рах-рахи гуногунрангу саладор ба минбар баромада,сулфида-сулфида сухан огоз кард:"Хамин челаки ман ранги хархеларо дорад.ранги сурхаш ин ранги партия аст,ранги зардаш ин ранги мо колхозчиён мебошад,ранги сафедаш ранги раиси мо мебошад,оафико,рахмат ба партияи Султон,(кассири колхоз),ки пулхои моро сар-сари вакт оварда медихад".Давоми гапи "нотик"ро намояндаи райком бурид.Намояндаи шиму костюмпуши гафсинаву сабзинаи галстукдор, бобои "нотик"ро ислох кард,ки пулхои шуморо Султон не.партияи чоно-чон медихад.Мусафед хам сулфакунону атсазанон суст наомада.давом дод,ки у ва кампираш нафакагиранд,кассир пули фарзандону келинхову наберахои онхоро медихад.Аз ин ру у махз аз Султон-кассир миннатдор аст.Бобо миннатдорона давом дод,ки агар пеши Султони партияви барои карз рави,аз сандуки хонааш пул бароварда медихад.Гову мол мехарем,либосворихо мехарем гуфта, шукрона гуён, аз минбар фаромад Мирзошарифбобо....Баъди чанде,дар хакикат ревизорхои сурх омада колхозро ревизия карданд,камбудихову норасогихои иктисодиро ёфтанд,Султон-кассир касал шуда, рангаш зард шуд.Раис хам фишори хунаш баланд гашта ба беморхона афтод.Баъди чанд рузхои муоличави ба идораи колхоз баргашт.рангу руяш ба гуфти мардум, "пуркидаги".Раис, Султон-кассирро аз кор озод кард,он бухгалтери бо тану манди сталинандомро,табельчии бригадаи пахтакори таъин намуд.Бухгалтери коммунист,махз бобои Мирзошарифро гуё,ки ба баромад тайёр карда будааст.Аз парторгу коммунистхои колхоз хохиш кард,ки дигар ягон сокини дехахои колхозро, челакпуш набинанд..Мирзошарифбоборо мусафедхову кампирхои деха сарзаниш мекарданд,ки чаро Султон-кассирро таъриф кардиву колхозро не.О пули мардумро давлату колхоз медиханд,мегуфтанд ба у.Бобои бечора,ваъда дод,ки ,соли оянда дар мачлиси "годовой",боз баромад мекунад....Вале,бо мурури замон,мусафед бемор гашта,аз дунё чашм пушид..То холо хамон "маърузаи кутох"и бобои челакпуш дар хотирам хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)