Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:55

Эмомалӣ Раҳмон: Медонам, ки дар интихобот на ҳама ба ман овоз медиҳанд

6 сентябр 2013, 14:53

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни маъруза дар як ҷаласаи ахири ҳукумат ба мавзӯи интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон дахл карда, гуфтааст, “дақиқ медонам, ки дар интихобот 80, 90 ва 100 дарсади овозҳоро намегирам.”

Дар ин бора Ҷумъахон Давлатов, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми сентябр, зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт.

Ба гуфтаи Давлатов, “президент дар яке аз маърузаҳояш дар ҷаласаҳои охири ҳукумат дар бораи интихобот сухан ронда, қайд карда буд, ки ман хуб медонам, дар Тоҷикистон мухолифин ҳастанд, ман медонам, ки ҳеч гоҳ 80, 90, 100 дарсади раъйи мардумро намегирам. Президент гуфт, мухолифин низ тарафдорони худро доранд ва ҷонибдори ман нестанд.”

Давлатов мегӯяд, бо зикри ин Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар қитъаҳои раъйдиҳӣ тақаллубкорӣ аз байн гирифта шавад ва ба ӯ танҳо овозҳое мансуб гарданд, ки воқеан гирифтааст. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон дар назар гирифта шудааст ва интизор меравад, ки ҳизби ҳокими ҲХДТ номзадии раисиҷумҳури феълӣ, Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • max12

  • 6 сентябр 2013 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вох бача ика боварии сахт доштай ! аз хакикат бе хабар будаст ин марди бузург !
Посух додан
  • Пешбин

  • 6 сентябр 2013 15:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар интихобот дар хакикат шаффофу озоду демократи гузарад, Эмомали Рахмон мумкин 20% раъйи мардумро сохиб шавад. Ба шарте,ки Рахматулло Зоиров хамчун номзад дар интихоботи пешистода иштирок кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миннатдори кани??????

Мухаррири "Озодагон": Ташаккур, минбаъд хам дар барои ислохи камбудихои мо вактатонро дареғ надоред!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба пешбин!
Ту пешбини дурбини чизе ки хасти хаёли хомта ича нанавис!хеч вакт халки точик ба як узбаки хоин овоз намета!!!!!

ба пешбин
ту пешбини дурбини касе ки боши акидахои хомта ича нанавис халки точик ба як чосус хечвакт овоз наметия
Посух додан
  • tojik

  • 6 сентябр 2013 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
inshoalloh 101%-megired.avvalo az xudo bad az shumo xohish naguzored dar vatan notinji shavad..in bor millat nest meshavad.in muxolifinu digarosh predatelan inho vremenian.xalk shumoro meshinosad va ba shumo bovari dorad muhtaram prezident.
Посух додан
  • men

  • 6 сентябр 2013 17:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматилло Зохиров дар хакикат узбек аст?
Посух додан
  • Ozoda

  • 6 сентябр 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
President chi khel naqz fahmidast ki mardum ba vai ovoz namedihand
dar haqiqat chunin ast bisyori mardum ba y ovoz namedihan hukumat purra az bovari baromadaast
Посух додан
  • Мунаввар

  • 6 сентябр 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматулло Зоиров узбак нест. Ин афсонаи бофтаи хукумат аст, ки точикон ба у овоз надиханд, вале ба касе овоз диханд, ки даъвои точики дар забон дорад, вале дар амал нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
saif-редактор,
Дустони гироми, мо ин тавр наметавонем гуем, ки агар Зоиров ба сабкат барояд Рахмон 20% овозхоро мегирад, зеро Зоировро дар Душанбе ва атрофи он мешиносанд. Дар кишлоку дарахо, ки он чо факат телевизион аз Рахмон сухан мекунад, Рахмонро мешиносанд. Аз ин ру, уро мардум куру курона интихоб мекунанд, зеро вариант надорад. Хизби сотсиал демократ хамаги тибки хабархои охир 7000 пайрав дораду халос, ки ин нихоят кам аст. Агар шумо ба гуфтаи ман бовар накунед, афкори мардумро ки IFES гузаронидааст ва чи кадар мардум хизби халкиро мешиносанд овардааст. Ин албатта аз он аст, ки хукумат минбарро ба дигарон намедихад. Хамчунин бовар дорам, ки агар Рахмон бидуни такаллуб ба интихобот барояд у голиб меояд, чунки уро хамчун президент на рахбари хизб мешиносанд ва мардум алтернативаро намебинад. Ин шархи кутох буд. Ташаккур.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Айни замон Э Рахмон сиёсатмадори окил дар арсаи чахони ба хисоб меравад Иншоолох 80-90 дарсади халк ба он кас овоз медихад ИСТИКЛОЛИЯТИ ВАТАН ба хама мубрак Аллох нигахбонатон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ого!!! Ин намёк бар раиси КМИР аст ки имсол мисли интихоботхои пештара нестай ки 97,3% ё 99% нишон бтен, дарсади овозхоро аз хад зиёд нанависен ки ба хама маълумай..... Мебинем пас аз чунин намёкхо овозхои "ЧО" аз 70-80% зиёд эълон намешаванд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба мен
ин аник аст дар узбакистон тавалуд шудааст
Посух додан
  • диловар

  • 6 сентябр 2013 23:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фирдавс комилов, хуб милатпараст бдай, чи ту фикр мекни Обама американсай? ё путин русай? Обама ай африкахай , путин ай исроил фаромуш накн и мардако хизмат кестиян ,чосузи неку
Посух додан
  • Dev

  • 7 сентябр 2013 04:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
http://slon.ru/russia/bez_natsionalizma-986937.xhtml
Nahod mo -tojikon yagon javob nadoshta boshem !? Bovaram nameoyad,ki mo in kadr hakirem... recourse
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Фирдавс, бо махалгароиро сар карди?! Аз дасти шумобаринхо шуда Самарканди Бухороро аз даст додем. Точикони узбакистон аз узбакгуйии шумобаринхо шуда худро узбак мегуянд!

Бакои мо бувад аз хамсадои!
Фанои миллате гардад чудои!
Бигу наздам сухан аз миллати худ.
Чи фарке дорад охир аз кучои?!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!