Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 02:43

"Низомиёни тоҷику қирғиз се миллион доллари Ҷопонро дар киса заданд"

6 сентябр 2013, 16:22

Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон мақомҳои баландпояи низомии Бишкеку Душанберо дар азхудкунии 3 миллион доллари Ҷопон муттаҳам мекунад.

Ин намояндаи мардумии қирғиз мегӯяд, ҳангоми ҳодисаи Бодканд дар соли 1999 мақомҳои баландпояи низомии Қирғизистону Тоҷикистон 3 миллион доллари Ҷопонро, ки барои раҳоии геологҳои ҷопонӣ аз гарав ҷудо шуда буд, миёни худ тақсим кардаанд.

Ба гуфтаи Боқир-уулу, Болот Жанузаков, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Мисир Аширкулов, котиби Шӯрои Вазорати дифои Қирғизистон бо раҳбарони ҳарбии Тоҷикистон аз сафири Ҷопон 3 миллион доллар гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ гаравгирон барои раҳоии ин геологҳои Ҷопон маблағе талаб накарда будаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Умар

  • 6 сентябр 2013 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Киргизистон аз чумхурихои собик шуравий,озодтарин чумхури аст,мо умед мекунем,ки ЧТ хам дар оянда мисли онхо озод мегардад,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!