Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

Тсзян Тсземин аз дунё даргузашт, Тсзян Тсземин зинда аст

26 июл 2011, 08:02

Расонаҳои давлатии Хитой хабари марги собиқ роҳбари давлати мардумии Чин Тсзян Тсземинро такзиб карда гуфтаанд, ин «ҳангомаи навбатист ва овозае беш нест».


Хабаргузории  Синхуа  бо такя ба «манбаъи боэътимод»  даргузашти  сиёсатмадори 84-соларо пас аз чанд рӯзи пахши он дар ВАО ва шабакаи интернетӣ рад кардааст. Гуфтанист, ин овозаҳо баъд аз он ки Тсземин дар ҷаласаи бахшида ба 90-солагии Ҳизби Коммунистии Хитой ҳамроҳ бо намояндагони воломақоми ин ташкилоти сиёсии ҳоким дар минбар намоён нашуд, пайдо гардид. Бино ба қавли истифодабарандагони шабакаи интернетӣ дар Хитой сонсурчиён имкон намедиҳанд, ки аснои ҷустуҷӯи мавод дар бораи Тсземин иттилоъ ба даст биёяд. Ба суоли ирсолшуда посух яктост: «Ҷустуҷӯи шумо ғайриқонунист». Бо забони чинӣ калимаи «тсзян» маънои дарёро дорад, аммо кофтукоб бо ин истилоҳ низ ғайриимкон буда, посух мисли боло ирсол мешавад.

Ҳарчанд дар Хитой оид ба вазъи саломатии собиқ роҳбари ин кишвар чизе намегӯянд, ВАО-и Ҳонк-Конг  хабари марги Тсзян Тсземинро воқеият нишон дода, шаби гузашта иттилоъро нашр кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, Тсзян Тсземин солҳои 1989-2003 (14-сол) ба симмати райиси ҳукумати давлати мардумии Чин ифои вазифа кардааст. Дар қиёс ба ҳамтои пешини худ- Ден Сяопин, Тсземин дар симои худ ислоҳотчиро тасаввур ҳам намекард. Ӯ вазифаи худро дар татбиқи марҳила ба марҳилаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ медид. Ҳамзамон ҷиддан кӯшиш дошт, ки мавқеъи роҳбарикунандаи ҲК-ро дар Хитой нигоҳ дорад. Моҳи ноябри соли 2002 Тсзян Тсземин заминаҳои интиқоли ҳукуматро тарҳрезӣ карда, сараввал роҳбарии ҳизбро ба ҷойгузинаш Ху Тсзинтао бовар кард. Ху дар моҳи марти соли 2003 вазифаи райисии ҳукумати ин кишварро низ аз они худ кард, аммо то сентябри соли 2004 Тсзян Тсземин ба ҳайси райиси Шӯрои низомии марказӣ фаъолият дошт, ки ин ниҳод қувваҳои мусаллаҳи Хитойро таҳти назорат дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!