Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Медали тилои варзишгари тоҷик дар сабқати байналмилалии самбо

7 сентябр 2013, 12:49

Лутфулло Розиқов, варзишгари тоҷики муқими Русия, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо, ки дар “Қасри варзиш”-и Иркутск баргузор гардид, медали тилои мусобиқаро ба даст овард.

Эргаш Маҳмадбеков, мураббии Клуби "Мори"-и Иркутск, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин мусобиқа варзишгарони беш аз 10 кишвар, аз ҷумла Муғулистон, Гурҷистон, Белорус, Украина , Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия дар вазнҳои гуногун иштирок доштанд. Лутфулло Розиқов, ки дар Клуби варзишии “Мори” тамрин мекунад, дар вазни 57 кило ҷойи авалро соҳиб шуд.

“Ҳамчунин дар ин мусобиқа аз рӯи намуди самбо Насимҷон Сайфулоев дар вазни 68 кило мақоми дуюмро касб кард. Насимҷон бо сабаби лат хӯрдани дасташ дар даври ниҳоӣ рақобат карда натавонист”,-афзуд манбаъ.

Эргаш Маҳмадбеков илова намуд, дар Клуби "Мори"-и шаҳри Иркутск, ки ӯ аз соли 2005 инҷониб ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад, 120 наврас тамрин мекунанд ва тақрибан 60 дарсади онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!