Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Ойниҳол Бобоназарова номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ

10 сентябр 2013, 09:11

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон шудааст. Ин тасмимро гурӯҳи кории ИНИТ рӯзи нуҳуми сентябр дар ҷаласаи охирини худ гирифтаанд.

Қарор аст, имрӯз, 10-уми сентябр номи номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ расман эълон ва гуфтугӯ бо хабарнигорон сурат бигирад. Манбаи мо аз ИНИТ мегӯяд, аз миёни ҳашт довталаб барои номзадии ягона, ки Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҳматилло Зоиров ва Маҳмудҷон Қосимов аз ҷумлаи онҳо буданд, аксарият ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова раъй додаанд. Хонум Бобоназарова дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, танҳо баъд аз эълони номзадияш аз сӯи масъулони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ имкони сӯҳбатро дорад ва метавонад ба ҳама саволҳо посух гӯяд.

Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад.

Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!