Бахшҳо

Як сокини Хуҷанд даъво дорад, дар тарбузи харидааш Аллоҳ навишта шудааст (АКС)

Зарбахт Машокиров, як сокини шаҳри Хуҷанд, даъво дорад, ки дар тарбузи харидаи ӯ исми Аллоҳ ба ҳуруфи арабӣ сабт ёфтааст. Оқои Машокиров дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин даъвои ӯро як донандаи забони арабӣ ҳам тасдиқ кардааст.

“Чанд рӯз пеш аз як шахси нуронӣ тарбуз харидам. Тарбуз хеле болаззат буд. Вақте аз кор бармегаштам, ҳамсарам ба ман занг зада гуфт, ки тарбуз оред. Ман боз ба назди он тарбузфурӯши нуронӣ рафтам. Савдо кардему ду тарбуз гирифтам. Ба хона омада, якеро пора кардам, ки на он қадар сурх баромад ва гуфтам, чизе бошад мехӯрам. Аммо дар ҳамин вақт модарарӯсам гуфт, дар қисми дигар навиштаҷоте ҳаст, ки монанд ба исми Аллоҳ аст”,-нақл мекунад ин сокини Хуҷанд.

Ӯ афзуд, баъдан ба назди як донандаи хуби забони арабӣ рафта, тарбузро ба ӯ нишон додааст: “Он одами арабидон ҳам гуфт, дар тарбузи мо номи Аллоҳ навишта шудааст”. Зарбахт Машокиров мегӯяд, пас аз он ба назди тарбузфурӯш рафта, ин ҳодисаро нақл кардааст. Тоҷир гуфтааст, тарбузҳоро аз як шахси бисёр ботақво, ки дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ мекунад, харидорӣ карда буд.

Хабарнигори “Озодагон” аз ин тарбуз чанд аксе бардоштааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем ва агар назару гуфтание доред, дар пайи ин матн бинависед.


Як сокини Хуҷанд даъво дорад, дар тарбузи харидааш Аллоҳ навишта шудааст (АКС)

Як сокини Хуҷанд даъво дорад, дар тарбузи харидааш Аллоҳ навишта шудааст (АКС)

Як сокини Хуҷанд даъво дорад, дар тарбузи харидааш Аллоҳ навишта шудааст (АКС)
Мӯҳр
Аз ин бар меояд хама хама чиз дар зикранд лек одами аз Худо дур шудааст тарбузро бихуред ва шукри Аллохро ба чо оред бо намозу бо сатру бо пархез бошед зеро ки киемат наздикаст донишмандон таткикотеро муаян карданд ки дар руи мох хате пайдо шудааст ки мохро чудо мекунад ва ба хулосае омаданд аз Куръон дидан карданд ки дар ояти киемат омадааст пеш аз киемат мох ба ду кисм таксим мешавад ин таткикот дакик шудааст барои хамин бо такво бошед аз Худои худ битарсед...

3
Ин тарбузро ба музеи милли овардан лозим аст.

Ақлак
Ана гапу мана гап!!!
Хой мардум, аз хоби гарон хезед! Худо дар назди шумост, дар магзи шумост, дар дили шумон ва рох ба суи у илм аст, хар илме ки бошад, чи дуняви чи ухрави!!
То ба кай дар даруни тарбузу калуш номи Оллохро мечуед?!

Фуркон
Аллох бузург аст!!! Танхо у медонад. ки ин хакикат аст ё сохта...

Саёди Сайд
Ильхом,
Бале, бародар дуруст зикр кардед. Мо имруз аз неъматхои Парвардигор фаровони истифода мебарем ва боре хам неъматрасонро шукр намекунем. Хамеша дар фикри аз худ кардани неъматхо хастем. Худованд ба хама тавфики илохи ато фармояд.

BIBINED MARDUM TO KUJO KHUROFOT PARAST SHUDAN (( ALLOH RO DAR DILHOI KHUD JUSTUJU KUNED NA DAR DOKHIL VA BADANHOI DIGAR MAVJUDOT

Чойи таачубаш нест. Муъчизахои Аллох барои марди боаклу хуш тамоми моро фаро гирифтааст. Оё хиссёти бинои, шунавои, хоб, буй кашидан, рузу шаб ва ё худи хамин тарбуз аз буттае, ба меваи бузурге мубаддал мешавад муъчиза нест?. Ва ё шире хох аз одами бошад ё аз чорво, аз дохили хун шири сафед чори мешавад, ин муъчиза нест?... ва гайраву гайра.....факат хурофот параст нашавед, метарсам ин тарбузро мукаддас шумурда тафов накунанд.....

Боря
Нағзтар бинед, он ҷо шояд кирм ба таври зигзаг гузашта хурда рафтааст. Бас будагист хурофот! Худовандро бо дил шиносед!

Салом бародарон вокеан хам оллох бузург аст,ва мо харгиз оллохро фармуш накунем ,нишонахои кудрату бузурги оллох ин дар чашми мову шумост хар чизе,дар руи замин харакат мекунад ин офарандаи оллох аст .
Нишонахо хелло зиёдан ин тарбузро хуред бад шукри оллох кунед, инро ба ягон чо бурдан лозим нест. Ин бисер гунох аст. Гуё,ки Шумо нав бохабар шуда истодед нав шинохта истодед оллохро манои навиштаи номи оллох дар тарбуз ин аст,ки ин тарбузи ширин на он кадар сурх баромадаст бояд шукри оллох куни .

Dev
In tarbuza nahured , harruz nazdi in tarbuz sar ba zamin zanedu girya kuned, nola kuned, az marg ed kuned, motam gired, liboshoi pokistoniyu sarpushhoi arabira faromush nakuned, be onho ijozat nest namoz hondan, rishoya kajchi nazaned , moned to poshnai poyaton rafta rasad, sallaya hasht kabat banded...ba "pesh" ba asri 7 -um !!!

Спанта
Бесаводии мардумро нишон медихад ин номи Аллохро не. Ин рах вакти дукафон кардани тарбуз пайдо шудааст. Ана хамон донаки боло боударо бинед....вакти буридан ба корд часпида ин су он су рафтааст. Бинед аз тарафи куни тарбуз майда майда ва дар охир пурра бурида шудааст. Шарм медорам аз ин тавр хамватанони бесавод.

Хар гиёх, ки аз замин руяд,
Вахдаху ло шарика лаху гуяд. (Бедил)
Дар олами хасти хар чизе, ки мо мебинем аз сабзавоту гиёххо то сангу чубу охан ва тамоми хайвоноту хашарот зикри Худованди оламро мекунанд ва дами аз зикр намеистанд. Аз оламхое, ки Худованди олам халк кардааст факат ду гурухашон сохиб акл мебошанд, ки инхоро сакалайн меноманд ва ин ду гурух яке одамизод асту дувум чинниён. Ва хар хилофу гумрохи ва хар хунрезию душмани ва хар хайвонию ифлосие, ки мекунанд хамин ду гурухи бо акл мекунанд, ки бехтарин хилкати Худованд инсонияти бо акл аст, ки аз вазифахояшон истифода бурда бар руи халки мусулмон дархои хонахои Худоро бастаанд ва халкро аз намозхони дур кардаву фосик кардаанд. Ба хотири вазифа ва пулу мол шуда шариати Худову Расулро заъиф карда истодаанд....

Бародарони ахли ислом иншоолох хамаи мо мусулмон хастем. Албатта хар яки мо фикри худамонро гуфтан хак дорем. Лекин ман дар ин чо фикри чанд бардаронро хондам,яке мегуяд вакти буридан донаи тарбуз зиг заг рафтаст. Якум ин ки тарбузро арра намекунанд, ки зиг заг шавад. Дигаре мегуяд, ин тарбузро ба боло монда сачда кардан даркор (яне механдад). Бародарони мусулмон ба фикри ман ин нишона барои хамон одамоне хаст ки дар рохи дини Ислом худро гум кардаанд. Иншоолох баъди дидани ин нишонахо чанд нафаре дини Исломро кабул мекунанд, нафари дигар дар вакту соаташ намозро мехонанд. Бо дидани ин нишонахо мо бояд хурсанд шавем Аллоху акбар!

Худоро маҷӯед аз осмонҳо,
На аз ахтарону на аз каҳкашонҳо.
Худоро биҷӯед аз тинати хеш,
Зи дилҳо, равонҳову аз мағзи ҷонҳо..........

Агар ин хакикат намебуд ин одам дуруг гуфта ин хабара намедод аз тарбуз номи Парвардигор баромад гуфта ин хакикат аст ки ин одам хамаро хабардор намуд. Ин аз тарафи Худованд як хукм аст ки маро ба ед оред мегуяд, факат илм ки не дил ки не балки амал ки бояд шавад.
Пеш аз сухан кадан шумо шупхадорон якбор фикр кунед бад поси худро бинависед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)