Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 март 2017, 11:15

Боздошти Каримовҳо барои авбошӣ дар Ҳисор

10 сентябр 2013, 11:07

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар ноҳияи Ҳисор бародарон Каримовҳо ҷамъ шуда, аъзои хонаводаи дигарро латукӯб кардаанд.

Ба иттилои манбаъ мақомоти пулиси Ҳисор, сокини ин ноҳия Меликов Беҳрӯз, муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 7-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 13:00-дақиқа, дар дохили бозори «Солеҳон»-и ноҳия ӯ ва бародаронаш Меликов Суҳайлӣ, соли таваллудаш 1978 ва Меликов Юсуфҷон, соли таваллудаш 1984-ро аъзои хонаводаи Каримовҳо латукӯб кардаанд.

Мақомоти пулис мегӯяд, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ муайян шуд, ки Меликовҳро аз ҷумла бародарон, Каримов Хусрав Қаҳҳорович, соли таваллудаш 1987, Каримов Салим, соли таваллудаш 1986, Каримов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1988, Каримов Қиём, соли таваллудаш 1979 ва Каримов Меҳроб, соли таваллудаш 1981, бо нақзи дағалонаи тартиботи ҷамъиятӣ лату кӯб намудаанд.

ВКД мегӯяд, айни ҳол бародарон Каримовҳо бо гумони авбошӣ дастгир карда шуданд ва нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!