Бахшҳо
10 сен 2013 11:40Тоҷикистон / Сиёсат

Назриев аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ накард

Мирҳусайн Назриев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ ҳимоят накард.

Назриев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пешбарии номзадии Бобоназарова фикри на ҳамаи ислоҳотхоҳон ба назар гирифта шудааст ва ин як созиши наҳзатиёну сотсиал-демократҳои Тоҷикистон аст. Назриев дар шарҳи мухолифаташ ба номзадии Бобоназарова афзуд, то ҳол барномаи пешазинтихоботии ӯро надидааст. Ӯ гуфт, барои пешниҳоди номзади ягона аз ИНИТ бояд чанд нафар барномаҳои худро пешниҳод мекарданд ва ислоҳотхоҳон аз миёнашон мувофиқашро интихоб менамуданд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон шудааст. Ин тасмимро гурӯҳи кории ИНИТ рӯзи нуҳуми сентябр дар ҷаласаи охирини худ гирифтаанд. Манбаи мо аз ИНИТ мегӯяд, аз миёни ҳашт довталаб барои номзадии ягона, ки Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҳматилло Зоиров ва Маҳмудҷон Қосимов аз ҷумлаи онҳо буданд, аксарият ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова раъй додаанд. Хонум Бобоназарова дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, танҳо баъд аз эълони номзадияш аз сӯи масъулони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ имкони сӯҳбатро дорад ва метавонад ба ҳама саволҳо посух гӯяд.

Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад.

Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
р
Хамин Нарзиев кист худаш? Ба ки лозим аст фикри у? Ягон тарафдор гайр аз чор айниги надорад.

Ду айнигӣ гӯед, кифоя аст, чортояш зиёд мешавад.

emomali rahmon behtarin prezident bud va memonad.mo in zani piri komunistro nameshinosem.

диловар
мо тарафдор ба хонум ,мувафакият

насим
зиндабош чаноби оли мо бошумоем..

Агар аз руи инсоф гуем гуфтахои у, ки "ин як созиши наҳзатиёну сотсиал-демократҳои Тоҷикистон аст" дуруст менамояд. Албатта занхои муваффак дар сиесат зиёданд, лекин дар чунин мавриди такдирсоз бо номи ин шахс бози карда чони худро халос кардани Зориров ва дигарон чандон маншаи мардонаги надорад. Албатта "интихоб" шудаанд вале боз хамм...

Билол.
Ина.зана.интихобкардагихо.аз.мо.диди.хубтар
.медонан.комунист.бошад.аз.ин.демакра
тхо.бехтараст.

Хак ба чониби Назриев аст. У миёни ИНИТ ягона узвест, ки дар интихоби рохбари ягона аз нерухои мухолифи Рахмон масъалагузории дуруст намудааст. Охир чи гуна Барномаи номзадро надониста, уро ба макоми номзади ягона пешниход мекуни? Магар дигар узви ИНИТ хамин як чизи одиро намефахманд. Чаро ягон нафар аз худи чаноби Назриев дар бораи Барномаи пешазинтихоботиаш пурсон нашуд? Шояд у чунин Барнома дорад.гар дошта бошад пас чаро барномаашро ба мардум пешниход намекунад? Ба хар хол Назриев ягона нафарест, ки оиди интихоби номзади ягона андешаи дуруст пешниход кардааст.

Акаи Назриев! Гаппотро дасгири мекунам. Охир ин чи гуна масхарабозист, ки барномаи Номзадро надониста, уро кур курона дасгири мекунанд. Бобоназароваро касе намешиносад. Агар номзади ягона худи Назриев ё Зойиров мебуд, барои мавкеи дурусти сиёсиашон мардум ба онхо овоз медод. Ба гумон аст, ки ин занак 2 фоиз овоз гирад.

Sar sar shud boz. Dar atrofi yik kas jam suda nametavonand boz davoi hukumatdori dorand. Agar chunin raftoraton boshad ygon ovoz nakhoed girift. Boz ba kashmakhsi millatro mebared.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)