Бахшҳо

Посухи Кабирию Зоиров ба суоли “чаро номзад нашудед?”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) ҳимоят карданд.

Раҳматулло Зоиров дар ҷаласаи рӯзи даҳуми сентябри ИНИТ гуфт, номзадии худро пас гирифтаву аз номзадии Бобоназарова ҳимоят мекунад. “Дар марҳилаи охир ва ҳоло бо камоли эҳтиром мегӯям, ки мо аз ИНИТ Бобоназароваро пешниҳод кардем. Хоҳиш дорам, ҳамаи мо дар якҷоягӣ камарро сахт баста, кӯшиши худро барои ин интихобот истифода кунем”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ низ ки дар ин ҷаласа суханронӣ мекард, ба масъалаи интихоботи шаффоф дахл кард. Вай аз ҷумла гуфт, “мо ба ин боварем, ки дер ё зуд Тоҷикистон ба интихоботи шаффоф мерасад. Агар имрӯз нарасидем, фардо хоҳем расид. Муҳим ин аст, ки атрофи номзади ягона ҷамъ шавем. Алҳол бисёр баҳонаи хуб пеш омадааст, ки атрофи номзади ягона ҷамъ шавам, дигар роҳе ҷуз ваҳдат ва ҳамкорӣ надорем. Агар дилатон воқеан барои ин мардум месӯзад.”

Ҳам Муҳиддин Кабирӣ ва ҳам Раҳматулло Зоиров ба ин савол, ки чаро онҳо номзад нашуданд, посух гуфтанд. Зоиров гуфт, “оид ба ҷамъ кардани имзоҳо аз як ҳизб вазъият муташанниҷ гардид. Баъдан аз тарафи ҲНИТ нофаҳмӣ зиёд шуд ва ин сабаб гардид, ки ман номзадии худро гирам. Агар ман номзадии худро нагираму якдигарфаҳмӣ накунем, вазъияти иттиҳод ва пароканда шудани иттиҳод матраҳ буд.”

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, “чаро ман номзад нашудам? Аз аввал дар зеҳни мардум ҷой шуд, ки агар ҲНИТ номзад пешниҳод кунад, ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ ҲНИТ-ро қабул надорад. Ҳама медоданд, ки ҲНИТ аз ҳама қави набошад ҳам, вале аз дигарон заиф ҳам нест. Агар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҲНИТ метарсид, дар соли 2010 овоз намедод. Агар ҷомеаи Тоҷикистон метарсид, дар мулоқот моро қабул намекард. Аз пеш фазосозӣ шуд, ки наҳзат номзад надошта бошад. Барои ҳамин, мо гуфтем, аз амбитсияҳои ҳизбӣ берун биравем. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд исбот кунанд, ки фаротар аз ҳизбашон фикр мекунанд. Зоиров гуфт, ман номзадии худро гирифтам, аммо ман мегӯям, Раҳматулло, Шумо кай пешниҳод карда будед? Танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот ном меирифтанд аз чеҳраҳо.”

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои интихоботи президентӣ тақрибан се моҳ пештар аз сӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ташкил шуда буд. Ин иттиҳод рӯзи даҳуми сентябр расман эълон кард, ки номзадаш дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ Ойниҳол Бобоназарова аст, ки дар ҳоли ҳозир созмони Перспектива плюсро раҳбарӣ дорад. Вай дар гузашта яке аз фаъолни Ҳизби демократ ва раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
رستم دستان
سلام بر همه خوانندگان سایت آزادگان
من واقعا از ترس رحمت الله زائرف و محیی الدین کبیری برای نامزدنشدنشان ناراحتم و متأسفم. زیرا که مانده ام که چرا آنها عقب نشینی کرده و عین حال یک زن را روانه این کارزار سیاسی کرده اند. این جای شرم دارد برای اتحادیه اصلاح طلبان تاجیکستان. آخر مگر خودتان را چه شده بود که نیامدید. این کسی که در رأس قدرت امروزی قرار دارد، باید با همت شما از میان برداشته می شد. اما متأسفم...

9
Бо ин гуна номзад оппозиция харгиз галаба нахохад кард.

хандидам
Интихоби бехтарин кардед. Чавонтарин шахсро интихоб кардед. Кучо шуд он суханоне ки чавонон бояд ба сари вазифа оянд ин аст магар чавоне ки шумо мегуфтед? Чаноб Э.Рахмон мо бо Шумоем ба мисли Равшани Кулоб хамеша галаба насибатон бод харгиз шикаст нахуред.

in zani piri komunist prezident meshavad?tojikora mazok mekuned???

oooi kabiri turo ba xotiri nomi islom dasgiri mekard xalk..tu kiro mondi?zane ki az islom durast?

сайрахмон
дар рохбари симои рохбари низ мавкеи худро дорад. ман чонибдори кабири ва зоирчики узбектабор нестам вале номзадии ин гуна шахсро чонибдори карданашонро ба интихоботи президенти як масхара барои интихобот мехисобам. то ин андоза бовар надоштам. шохзодаи аспи сафедатонро дидем акнун. ха ха ха

Бесиёсат
Шумо чаноби Кабири ё Зойиров интихоботро бурдан мехостед, ё эътилофро нигох доштан???? Сад афсус, ки сиёсатмадорони мо асли мавзуъро дарк карда наметавонанд ва хуб гуфта будаст сухангуи ХХДТ (харчанд онро чащми дидан надорам), ки Шумо ягон номзади арзандаро ба микроскоп хам кофтеду наёфтед. Айб аст, айб, ки агар аз ин баъд, харудятон аз сарварии хизб истеъфо натиеду, даъвои аз паси худ бурадни мардумро кунед.

Ватандӯст
Ман Мухиддинро(бубахшед,аз шеваи гуфтори раиси хизби нахзат кор гирифта истодаам) як сиёсатмадори пухта мепиндоштам. Вале шеваи гуфторашро дар ин матлаб хонда, ба хулоса омадам, ки ин мард бояд бисёр чизхоро биёмӯзад то хомихояшро пухта кунад. Кабири мегӯяд: "Зоиров гуфт, ки... Ман мегӯям, Раҳматулло, шумо кай пешниход карда будед?" Ин чи шеваи сухан гуфтан аст?! Одоб кучост? Дар чаласаи расмӣ ба ҳар шахс бо эхтиром, бо ному насаб ва бо корбурди вожахои " мухтарам", "чаноб" ва монанди инхо мурочиат бояд кард. Вале Шумо, мухтарам Кабирӣ гӯё дар чойхона ё маҳфили дӯстонатон бошед ва мухтарам Зоиров додаратон бошад, Рахматулло мегӯед... Ва аз сӯи дигар, то ҷое рӯшан шуд, мухтарам Зоиров номзадии худро вакти пешбарӣ дар чаласаи Иттиходи нерухои ислохотхох бозхст кардааст ва ба ин кори эшон бону Бобоназарова хам арч гузоштаанд...
Бо ин хама номзади пайдо кардаи ИНИТ арзанда аст ва хонум Бобоназарова як инсни пок, донишманд ва адолатарвару механдӯст аст ва овозаи хакикатпарвариву одилӣ ва душмани фасоду ришвахурӣ буданашонро пеш, хангоми декани факултаи хукукшиноси буданашон фахмида будем. Чунин инсони аз хама чихат хушном метавонад вокиан бехтарин инсонхои кишварамонро гирди хеш оварда, бо як дастаи неруманд ба пирӯзӣ барасад.

Мухиддин Кабири!!! Узр мепурсам аз саволи дуруштам!!! Пас аз ходисаи бо писаратон шуда, шумо бояд аз раисии хизб истеъфо медодед. Ашхос хуб медонанд, ки пас аз хамон ходиса Хукумат бо шумо шартнома бастааст. Шумо умеди хамаро шикастед. Зоировро бояд дастгири мекардед!!! Ин бозии шуморо таърих нахохад башхид. Заъиф будаед!!! Тарсу!!!

Зоирову Кабири этикоди халкро аз худатон гардондед шумо ду тарсончаку ду буздил будаед!!! шумо хам ба худатон хам ба халки Точик ва хам ба пайравони хихбхоятон хиенат кардед.. кучо шуд он суханони ваъда кардагиатон кучо шуд он хою хуятон ??? майдон аз далер аст..вакти далери омаду хардуят аз майдон рубох барин гурехтед!!! сад хайф !!! хохиш мекунам дигар дар ягон чо овозатона дар мавзуи сиесат набароред!!! шарманда кардед!! ОЗОДАГОН БЕ ТАГИРУ ИЛОВА ЧОП КУН ИЛТИМОС!!

ман
Бехтарин интихоб ва бузургтарин кадами чидди дар таърихи интихоботхо, браво модари точик низ метавонад на танхо президент зояд балки худаш низ лачоми давлатдориро ба даст гирад. пешниходи Ойнихол Бобоназарова чолиб ва саривакти буд ва дар вазъияти кунуни кадами арзишманд ба хисоб меравад. Агар сохтакори нашавад сад дар сад бовари дорам, ин зани донишманд пируз хохад гашт. барор ба Шумо Ойнихл Бобоназарова, мо бо шумоем ва Худованд бо шумост ишооллох

ин хонуми гуфтагитона агар Парвардигор 320 соли дигар умр тияд ин намегузарад ин шахро хеч кас намешиносад ва ба зами ин ин одам умраш ба чое расидааст ва зеби нафака ва товбау надомат дорад ки аз ин тарафда ун тарафаш наздик ..Кабири ва Зоиров дар олам чазир карданд!!! Э Рахмон 7 соли дигар муборак !

Худо хайратонро дихад, охир як андеша кунед чихо шуда истодааст.
Якум ин, ки агар мо дар ватани аз чихати ичтимоию сиеси пешрафта зиндаги мекардем (Англия - Тетчер; Германия - Меркел) метавонистем бо боварии том тарафдори ин хонум бошем. Лекин охир намебинем, ки кихо ба бози даромадаанд. Ки парвои онро дорад, ки ин шахсро касе мешиносад ё не? Агар ин факат чонхалоскунии Кабирию Зоиров бошад, боке не. Лекин агар Сорос ба бози даромада бошад чи? Боз кашокашу девонаги? Хайр вакт нишон медихад. Лекин ба хар хол бо умеди ду пули пуччак, ки лахзае пас нест мешавад Ватанро боз ба ягон гирдоб накашед!? Оё менталитет ва электорати баъзехо пешдаровардаистодахо метавонанд дуруст хавфи меомадаро дарк намоянд?

Qurbon
Рахмон ба хардуи ин вазифа ваъда кардагисит барои хамин ин занро мондаанд. ... ин зан намегузарад....

safar
baroi ki khizmata ijro kardestan boyad kor bud shava

Еовон
Худванд ойнихолро мувафак гаронад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)