Бахшҳо

Тасдиқи номзадии Бобоназарова ва талоши ӯ барои озодиҳои динӣ

Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), эълон кард, ки тамоми талошашро барои демократия, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар кишвар харҷ мекунад. Номзадии Бобоназарова рӯзи даҳуми сентябр дар ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ тасдиқ ва эълон шуд.

Ойниҳол Бобоназарова дар ин ҷаласаи ИНИТ гуфт, бисёр мехост дигарон ба ҷои ӯ номзад шудаву дар интихобот мубориза баранд. Аммо ба қавли ӯ, “Муҳиддин Кабирӣ гуфт, барои ман мушкил аст. Медонам, мегӯянд, магар мард пайдо нашуд, ки занро пешниҳод мекунед. Вале то ин вақт аз мо интиқод мекарданд, ки чаро занон ғайрат надоранд.”

Хонум Бобоназарова дар идомаи суханронияш ба ҳифзи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳам даъват кард. Ӯ гуфт, “агар мо Эътилофро аз даст бидиҳем, дигар ягон вақт нерӯҳо бо ҳам як намешаванд.”

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.

Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
ooo mo javon darkor guftemu.o in modari komunist 70-sola astku.mazok mekuned tojikora?ozodii din?-tars az kase ki nametarsad az xudo.

hisor,
талхакаф нашав ин модар аз ту барин мардхо хазорон мартаба чуръаташ баланд аст

фаромарз
аз президенти хозира ношукри накунед!!!зеро мо аз райси нохиямон ношукри кардем як нафари дигаро мондем холмон бад шуду нек не.

Хатлон
Аз намуди зохирааш маълум, ки ин точики тоза нест.

Ин занак дар умраш намоз нахонда барои озодихои кадом дин мубориза мебурда бошад.Дар тамоми хаёти авлодотон панохи намоз мехонден,дар кадом мазхаб буданатонро намедонистен,хамин кадар мондааст,ки Эмомали Рахмон аз тани хаматон намоз бхона,ношукрхо.Нав фахмидам,ки боз одами спецслужбаи ИМА хам будааст.

badakhshon
Бобоназарова tarafdori mekunem in zan az ishkoshimi badakhshon ast zani khub va mehrubon ast pomiriho ham davlatdori kunan to kai tojiko

badakhshon,
чи ту худат точик нести чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)