Бахшҳо

Вокунишҳо ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар Фейсбук

Таъйин шудани Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ ба ҳайси номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” вокунишҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ҳатто бархе аз онҳо аз ин ҳуқуқдони тоҷик, ки имрӯз дар нишасти навбатии ИНИТ расман номзади ягонаи ин иттиҳод эълон гардид, хостаанд, то ин пешниҳодро қабул накунад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, яке аз фаъолонии шабакаи иҷтимоии Фейсбук, рӯзноманигори тоҷик, бо пахши як изҳорот тасмими ИНИТ-ро дар мавриди пешниҳоди хонум Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифон, иштибоҳ ва нодуруст хондааст.

Ӯ мегӯяд, “"пирӯз"-и ин интихобот мушаххас аст, ки чӣ касе хоҳад буд ва инро ҳама медонанд, қарор нест якдигарро гӯл занем, балки муҳим он аст, ки оё номзади мавриди назар, аз қудрат ва тавоноӣ ва шуҷоати лозим барои дифоъ аз раъйҳое, ки барои ӯ медиҳанд, дар замони пас аз интихобот, баромада метавонад ё на? Яъне вақте ки ба ӯ 2 дарсад ё 3 дарсад ё ҳатто 10 дарсад аз ороро "мебахшанд", оё метавонад ин таҳқир ва иҳонатро ба чолиш бикашад? Ё мисли пештара, кулӯх бар лаб ниҳода, тамошобини саҳнаи иҳонат ва таҳқир хоҳем буд?”

Ба андешаи Истаравшанӣ беҳтарин номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи қарибулвуқуъ Раҳматилло Зоиров мебошад: “Шахсияти арзанда Раҳматуллоҳ Зойиров ба унвони номзади ягона пешниҳод мешуд. Ҳамагӣ медонем, ки ин мард аз шуҷоати кофӣ барои ин кор бархӯрдор аст.”

Аз сӯи дигар Амруллоҳи Низом, хабарнигори тоҷик, бар инаст, ки тасмими ИНИТ комилан санҷида ва ҳадафмандона мебошад. Ӯ мегӯяд, ИНИТ бо интихоби Бобоназарова ба ҳукумати феълӣ, ки ба гуфтаи ӯ барномаҳои мухталиферо алайҳи онҳо роҳандозӣ кардааст, посухи дандоншикан дод.

Вале яке аз корбарони фейсбук бо номи "Исмоили Сомонӣ" мегӯяд, ҳар чанд Ойниҳол Бобоназароваро як ҳуқуқшиноси варзида ва муваффақ мешиносад, вале бовар надорад, ки ӯ аз уҳдаи раҳбарии Тоҷикистон дар замони феълӣ барояд.

Ба андешаи “Исмоили Сомонӣ” ҳоло барои Тоҷикистон як раҳбари марде лозим аст, тавонад онро аз вартаи нобудшавӣ раҳо созад: “Ин давраи сангин, бозсозии тамоми корхонаҳои давлатӣ, барқарор кардани волоияти қонун, мубориза бо фасод ва ҷурму ҷиноятҳои иқтисодӣ як неруи мардона талаб мекунад. Як зан тавони бардошти ин ҳамаро надорад ва ҳам мухолифи фарҳанги мост, ки ин ҳамаро бар дӯши як зан ё худ модар бор кунем.”

Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ гуфтааст, бояд хишти нахустини бинои адолат ва демократиро дар Тоҷикистон мард гузорад, зеро онро фарҳанги мардуми тоҷик талаб дорад.
Мӯҳр
Барои он занро пешниход карданд, ки уро ба дузанаги хич кас айбдор карда наметавонад)))

Darvesh
Garang bo kiyai aklatro kor farmo bacha dar sistemai hozirai TJK yagon mardro ba Prezidentshavi ijoza namedihand. To prezident shudansha sarsha....

Husen ibni Ali
istaravshani bra kori khuta kun tu ba intikhoboti mo chikor dori? oro/ cholish/ komilan arabi navishtesti inkhel jumlahora da Qum navis
shumo ozodagon ham inkadar az Istaravshani olim nataroshed da kujo ruznomanigor bud?

то ай истаравшани набоша намешава нивкоем случи ба ин рох натиян ки аз шимол бошад номзад хонум ойнихол номзади арзанда аст

Ба мо одаме даркор ки ту барин махалчира тарбия кунад бесавод духонбудай

Дарвеш
Ойнихол Бобоназарова дар вокеъ номзади арзанда мебошад!

Ойнихол Бобоназарова дар вокеъ номзади арзанда мебошад!

Сайвалй
Хайр дигар номзад надоштанд, мачбур хамин бонуро пешниход карданд. Кори хуб карданд. Ин занак пули Соросро истифода карда метавонад. Лекин шинохта нест. Аз Душанбе берун уро намедонанд. Номзадии зан хам лозим аст, барои имич. Пешакй мегум, ки 10-12 фоиз имкон дорад, ки овоз бигирад.

Ин фанатикойи нахзатй и занаки бе почаву бе сатрро кабул мекарда бошанд?!

777
ХНИТ бори дигар исбот намуд,ки у чуръат ва майли сиеси барои рохбари кардани давлатро надорад.Халки карда гуем "Тарсиданд" Э.Рахмонро табрик меамоем.Барори кор....

салом
Маълум шуд ки аз дасташон кор намеомадааст. Хуб шуд ки худшон бефишоре фош карданд худро. давлатдори на он аст ки ба кишваре сафаркуни ва бо чанд грнату доллархои хоричиен барномаеро пиеда куни. Ин зани бечораро токучо мекашида бошанд бо бозихои пасипардагиашон ин сиесиатмардони давр.. хафа кардед..ормони 22 солаамро барбод додед. То 7-соли дигар ки мурда ва ки зинда худо медонад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)