Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 25 январ 2017, 04:24

Данғара: Боздошти як мусофири нашъаҷаллоб

26 июл 2011, 08:39

Дар  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  қочоқчии маводи мухаддир бо  68 қутии гӯгирд ба даст афтод.


Тавре ба хабаргузории « Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2011» дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи Себистон, автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21012» рақами давлатиаш  АТ 2465 01 РТ мавриди тафтиш қарор гирифт. Аснои азназаргузаронии нақлиёт аз дохили борхалтаи мусофири мошини мазкур Бунёдҷон Шарипов , сокини  ноҳияи А. Ҷомӣ, 68-қуттии гӯгирд, ки дар дохилашон- 450 грамм  маводи нашъадори «бангдона» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!