Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Ҳомиёни ҳуқуқ аз сурудхонии Кане Уэст дар туйи набераи президент интиқод карданд

10 сентябр 2013, 12:41

Human Rights Foundation, созмони ҳуқуқи башар аз Кане Уэст, сарояндаи амрикоӣ барои ҳунарнамоияш дар туйи набераи президенти Қазоқистон интиқод кардааст.

«Бино ба иттилои расонаҳо Уэст барои ҳунарнамоӣ дар Қазоқистон, ки аз соли 1991 онро ба таври авторитарӣ Нурсултон Назарбоев раҳбарӣ мекунад, се миллион доллар гирифтааст. Режими Назарбоев озодии баён ва интихобро маҳдуд кардааст. Одамонеро, ки мисли Кане, бо изҳори назари худ зиндагияшронро пеш мебаранд, пушти панҷара мекашанд”,-гуфта шудааст дар баёнияи созмон.

Кане Уэстро шахсан Нурсултон Назарбоев даъват кардааст, то дар маросими арусии наберааш суруд бихонад. Уэст чандин созмонҳои хайрияро кӯмак кардааст, ки миёнашон ташкилотҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон кор мегиранд ҳастанд. Аз ин рӯ пешниҳод шудааст, ки ӯ бояд муҷозот шавад.

Аз ин пештар, Ҷеннифер Лопес, яке аз маъруфтарин овозхонҳои Амрико ҳунарнамоияш дар ҷашни мавлуди президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иштибоҳ номид. Лопес дар мусоҳиба бо маҷаллаи Cosmopolitan гуфт: «Медонам, ки барои бисёриҳо ман намуна ҳастам. Ин маънои онро дорад, ки бояд барои амалҳоям масъул бошам. Ман эътироф мекунам, ки иштибоҳ кардаам. Ман ҳам мисли ҳама инсон ҳастам ва баъзан тасмимҳои нодуруст мегирам».

Ҷенифер Лопес дар 56-умин солгарди рӯзи мавлуди Бердимуҳаммедов дар охири моҳи июн суруди 'Happy birthday, Mr. President'-ро хонд. Гуфта мешавад, барои ин ҳунарнамоӣ Лопес 1,5 миллион доллар гирифтааст.

Арусии набераи Нурсултон Назарбоев 31-уми август дар шаҳри Алма-Ато дар меҳмонхонаи Royal Tulip-и Алмаато баргузор шуд. Ойсултон Назарбоеви 23-сола хатмкардаи академияи низомии Сандхерести Британия мебошад. Арӯсшавандаи ӯ, Олима, ки 20 сол дорад, духтараи Кайрат Боронбоев, раҳбари Ширкати муштараки қазоқию русӣ- “КазРосГаз” ва донишҷӯи Донишгоҳи Картолди Лондон аст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!