Бахшҳо
10 сен 2013 15:09Тоҷикистон / Сиёсат

Тӯраҷонзода -- шахси боэътимоди номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи 6 ноябр

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, нафари боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон гардид.

Оқои Тӯраҷонзода ҳангоми суханронияш дар ҷаласаи ИНИТ, ки рӯзи даҳуми сентябр баргузор шуд, аз пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ислоҳотхоҳон барои сабқат дар курсии раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ҳамеша тарафори андешаҳои мардумсолории ин ҳуқуқшинос буду ҳаст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо дарназардошти авзои сиёсии кишвар гуфт, “дар марҳилаи феълӣ пешбарии номзади хонум Бобоназарова интихоби дуруст мебошад. Хоҳиш мекунам, худатон вазъиятро дарк кунед. Баъзе ҳассосият ва нозукиҳо ҳам ҳаст инҷо. Ман ҳамеша ҷонибдори ислоҳот будам. Ҳеч хусумате ба ҳукумат надорам, аммо агар сиёсати кишвар ба ин шева идома биёбад, мо ба соҳили наҷот нахоҳем расид.” Ҷаноби Тӯраҷонзода афзуд, ҳозир аст барои ҳимоят аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ва ворид шудани ӯ ба корзори интихоботи президентӣ ҳамаҷониба кумак расонад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун танҳо номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, дақиқ шудааст. Аҳзоби сиёсӣ гуфтаанд, анҷуманҳои худро то охири сентябр ва аввали октябр баргузор ва дар он номзадҳои худро мушаххас хоҳанд кард.
Мӯҳр
Одил
Домулло Тураонзода ва Кабири Шуморо садкаи номи неки ИСЛОМ шавед. Шумо дар дил кибру гурури зиёд доренд, ки пеши чашмои Шуморо торик кардааст. Шумо аввал номзади арзандаи худро руймол ва поча пушоненед баъд ин аз у дифоъ кунед. Ман як фарди намозгузор бовар кунед бо чунин занхои бесатру беруймол ва бепоча гап намезанам гарчанде, ки хешу табори ман бошанд. Турачонзода палаи тарозуро нигох мекунад

777
Афсус боз чандин дахсолаи зулмот.... Еомзади арзандаи Шумо хамин шахс аст...Оё дар бораи вазъи психологии мардум,металитет фикр накардед..... Зае ва днмократия мафхуми ба хам мухолиф аст... Бобоназарова хеч гох Тетчеру ,Бхутто шуда наметавонад...

Одил, ту ин кадар фанати исломи нашав. Хамин занои беруймолу бепочадор чи магар хамаашон имондору худотарсанд ? Гап дар намуди зохирии инсон нест, балки ботини!!!. Агар дарманд шудиву мухточи кумаки таъчилии тибби хасти вале мебини ки пизишкон хама занони беруймолу бепочадоранд, пас чи кор мекуни, ба наздашон намерави ва бо онхо гап намезани ??? Ё ин ки дар чустучуи чунин табибон ба Арабистони Сауди мерави? Бо чунин фикри тангназаронаат мо мисли Афгонистон фарсахо аз тамаддуни пешрафта боз акибтар хохем монд. Агар мантикан мисли он чизе ки ту иброз дошти рафтор кард, пас бояд мардхоям хама либоси исломи ба бар кунанд, хамон тарзе ки дар Арабистон кабул шудааст. Ва дар хотир дор, ки Точикистон давлати Исломи нест ва агар номзад ба гуфти ту бо руймолу поча номзадиашро мемонд дар пеши рохаш монеахои зиеде эчод мешуд. Ман шахсан ба номзаде, ки беруймолу бепоча аст, вале сохиби дониши хуб, хисси ватандусти ва масъулиятшиноси мебошад ва дар назди халкаш хизмат кардааст, омода хастам овозамро дихам. Бобоназарова яке аз чунин шахсхо аст !

абдулло
ман ба бародар одил гуфтаниям ки ту аввал одоб биомуз баъдан ба кабирию турачонзода тавсия дех аз ту барин мусалмоне ки исломро хуб дарк накардааст хазор маротиба хонум ойнихол бехтар аст ту худат ба фикрам ак шахси беодобу бадахлок хасти вабоз мегуи ки шумо кабирию турачонзода садкаи номи ислом шавед

Рахматулло
Ба чонибдории О. Бобоназарова овоз додани будам, лекин фахмидам, ки шахси боэътимоди номзад Тӯраҷонзода аст, акнун фикр мекунам.

tura
turajonzoda naguftabud az siyosat dur shudam

muhamad
odil
barodar dar hakikat gapat rost islom meguyandu be izoru sarlujro pesh meguzaronand baroi maksad digar ast dunyo obru

in ba kasone taaluq dorad ki eshon dar dili hud kibru hasad dorand.
Quvati neki nadori bad makun!
har kase meshavad bo rizogii Alloh meshavad na bo rizogii manu tu. To ba joi in suhanhoi puchu bemanfiat ba sui Hudovan duo kuned, ki dar Tojikistoni mo hamesha ykdigarfahmiu obodi sulhu barodari boshad.

Эй точики ман агар ба гуфти ту бо баробари ислом кадам мезадем монанди ту бесавод аз пешравихо ягон чизро истифода намебурдем агар ту барин 100нафари дигар бошад Ахволи Точик бадтар мешаваду бехтар не ага маьлумот дошта боши аз давраи пагомбари асрхо гузаштаанд то ин дам пешравихо ба назар мерасад риша давону сони сафеда печону шин дар як чо мемури аз гуруснаги бо сухани Худо аз ту харакат аз ман баракат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)