Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Сӯҳроб Шарифов дар бораи зиддиятҳои дохилиҳизбӣ ва номзадии Бобоназарова

11 сентябр 2013, 09:18

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, интихоб шудани Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз ноомодагии бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар ва зиддиятҳои дохилиҳизбии онҳо дарак медиҳад.

Ба бовари Шарифов, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як узви фаъоли Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ҳоло омода нест, ки бо номзади худ вориди корзори интихоботи президентӣ шавад. Ӯ гуфт, шояд зиддиятҳои дохилиҳизбӣ имкон намедиҳад, ки ҲНИТ номзади худро пешниҳод кунад: “Аз ин рӯ, онҳо номзади берун аз ҳизбиро ҷонибдорӣ намуданд.”

Ба андешаи ин вакили парлумони Тоҷикистон, ингуна мавқеъгириҳо ва сиёсати бегонапарастӣ метавонад ба имиҷу нуфузи як ҳизби сиёсӣ таъсири манфӣ расонад. Дар мавриди то куҷо муваффақ будан ё шудани номзади ИНИТ дар интихоботи президентӣ, Шарифов ба вақт ишора менамояд: “Ойниҳол Бобоназарова муаллима, номзади илм ва дар гуруҳи олимони ҳуқуқшинос шинохта мебошад. Аммо ин хислатҳо кифоя мекунанд, ки ӯ дар мубориза барои ба дастовардани курсии раҳбарӣ муваффақ бошад, 6-уми ноябр муайян мешавад.”

Маврид ба зикр аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсии тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар пайи ҷаласаи навбатии ИНИТ номзади ягонаи ин иттиҳод дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон гардид. Бобоназароваи 65-сола аввалин зани тоҷик аст, ки барои курсии президентӣ вориди корзор мешавад. Вай ҳоло раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ali

  • 11 сентябр 2013 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баръакс, муттахидии дозилихизби аст, ки хнит тавонист як шазсияти гайрихизби ва занро пешбари кунад.
Посух додан
  • Ҷамшед

  • 11 сентябр 2013 14:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум,
"Ба андешаи ин вакили парлумони Тоҷикистон, ингуна мавқеъгириҳо ва сиёсати бегонапарастӣ метавонад ба имиҷу нуфузи як ҳизби ", ман нафаҳмидам ки, ин мардак ақл дорад е не.
И чихели гап заданай? талхакаф шудед? бегонапарастон шумоед, аз бобои путинҷонатон рафта барои пируз шудан дар интихобот дабро гирфта омадед. Аз бобои Исломҷон Каримовтон ҳам дабро гирифта будед дар вакташ, имруз бошад як зани бо обуруи миллатро ки ба унвони раисиҷумҳур пешниҳод гаштааст сиесати бегонапасти мегуед.
Посух додан
  • Shakh

  • 11 сентябр 2013 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуш кун Ҷамшед. Ту аввал он чизеро, ки мехони маънояшро дарк намо. Сухан дар бораи бегонапарастии ҳизбӣ меравад.
Дуввум. Аз кӯчаи сиёсат гузаштагӣ набоши дар бораи он ҳарф назан. Ту бо ин суханони қабеҳи ҳақиронаат ҳамон "пистаи бемағз"-ро мемонӣ. Пас хуб мешуд лаб во накуни, то расвогиатро нишон надиҳӣ.
Ва охирон, сабаби пешбарии муаллима О. Бобоназарова он аст, ки ин ду бо ном сиёсатмадор - Кабирӣ ва Зойиров хуб дарк мекунанд, ки дар интихобот овози кофӣ намегиранд ва баъд аз манманиҳои зиёд насибашон шармандагӣ аст. Бино бар ин, номзадии муаллимаро пешбарӣ намуда, ӯро ба ҳайси "козёл отпущения" истифода бурданианд.
Посух додан
  • мухочир

  • 12 сентябр 2013 08:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шарифов оз хамин вакт саркарда ИНИТ-ро ва ХНИТ-ро бо бозихои сиеси бурдаистодас
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафсатта мегуяд. ХНИТ кай ва киро номзад пешниход карданашро хуб медонад. Ягон зиддияти дохилихизбй дар ХНИТ нест, инаш тухмати махз. Гуногунандешй хаст, озодбаёнй хаст. вале зиддият ном гирифтан хатост.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!