Бахшҳо

Бахши минтақавии бонкҳо кормандонро ба кор қабул карда наметавонанд

Дар навоҳии минтақаи Кўлоб тақрибан бахшҳои ҳамаи бонкҳои дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта кор мекунанд.


Дар ҳар филиал на камтар аз 20-нафар машғули коранд ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, як амали раҳбарони бонкҳои марказӣ ба гумони коршиносон, норўшан асту миёни шаҳрвандон ихтилофи назарро ба вуҷуд меорад, яъне усули ба кор қабул кардани ин ниҳодҳои молӣ ҳанӯз норӯшан аст. Гуфта мешавад, дар дилхоҳ бахши бонкӣ маъмурияти бахшҳо ҳуқуқи ба кор даъват кардану қабул кардани кормандро надорад.

Сайфиддин Қадамов, раиси бахши «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кўлоб мегўяд, «барои ба кор қабул намудан озмун эълон мешавад. Довталабон, ё худ корҷўён ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод мекунанд, пасон намояндагони бонки марказӣ омада, дониши эшонро месанҷанд ва нафарони аз санҷиш гузашта, бо иҷозаи комиссияи махсус ба кор гирифта мешаванд. Ин амал барои шафофият ва ба истилоҳ «тағобозӣ» накардан иҷро мегардад, дар акси ҳол роҳбарони бахшҳо метавонанд танҳо шиносу наздикони худро ба кор даъват кунанд».

Роҳбарони дигар филиалҳои бонкҳои минтақавӣ низ аз ҳамин гуфтаи ҷаноби Қадамов пуштибонӣ карданд. Аммо роҳбари бахши бонки молиявии хурд, ё худ «Бонки Оғохон» ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт,  бонки марказии Оғохон дар шаҳри Душанбе, ҳар пешниҳоди моро дар мавриди ба корқабулкунй истиқбол мекунад ва бо бахшҳои худ дар минтақаҳо мувофиқ мебошад.
Раиси бахши «Амонатбонк»-и шаҳри Кӯлоб низ ба гуфтаи Қадамов тақрибан муқобил ҳарф гуфт. Ба қавли ў, бахшҳои  ин бонк метавонанд, ба мўҳлати 3-моҳи санҷишӣ довталабонро ба кор қабул кунанд ва баъдан бо гузаштан аз ин марҳила,  мустақилона  ва бе ризоияти бонки марказӣ мутахассисонро ба кор бигиранд.

Зимнан коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, усули бакорқабулкунӣ бо иҷозаи бонкҳои марказӣ далолат аз бовар надоштан ба дониши кормандони бахшҳо ва ё пешгирӣ аз «тағобозиву» коррупсияро дорад. {jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)