Бахшҳо
11 сен 2013 11:18Тоҷикистон / Сиёсат

Шабдолов: “Ба тарафдории ҳузури низомиёни рус овоз медиҳем”

Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, баробари шурӯи кор дар оғози моҳи октябр созишнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард.

Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тасвиби ҳарчи зуди ин созишномаро на танҳо ба фоидаи Душанбе, балки барои кулли кишварҳои минтақа донист. Ӯ гуфт, “ҳузури ин пойгоҳ барои мо зарур аст. Тоҷикистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ мебошад. Модоме ки ин артиш барои манфиатҳои муштарак аст, пас, ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон ҳеч таъсири манфие нахоҳад дошт.”

Ин вакили парлумони Тоҷикистон ба бовар дорад, ки “русҳо аз қабл ҳузур доштанд ва набояд минтақа майдони тохту този дигарон гардад. Аз ин хотир, ба ин боварам, ки вакилони тоҷик ба тарафдории ин созишнома овоз хоҳанд дод.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи даҳуми сентябр Георгий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, Маскав умедвор аст, вакилони парлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи созишномаи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Ӯ гуфта, ки то кунун ҷониби Русия уҳдадориҳояш дар марвиди ин созишномаро ба анҷом расонда, мунтазири посухи Душанбе нишастааст.

Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Ахиран Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.
Мӯҳр
ф
Чаро дар Узбакистон, Туркманистону Киргизистон хузур надоранду, хатман дар Точикистон будани онхо зарур будааст?

“русҳо аз қабл ҳузур доштанд ва набояд минтақа майдони тохту този дигарон гардад. Аз ин хотир, ба ин боварам, ки вакилони тоҷик ба тарафдории ин созишнома овоз хоҳанд дод.” Бигзор майдони тохту този русхо гардад, хамин тавр чаноби Шабдолов? Гузашта аз ин, Шумо хохед нахохед ин созишнома тамдид мегардад ва худро нофи замин эхсос накунед.

Русхо дар Точикистон бояд бошанд Агар не Сархадчиени Точик бойгарии Точикистонро боз мефурушанд. Чунон.ки дар Мургоб Сарадбонон Точик сархадро мохи марти 2013 барои Хитоихо кушода ва вайхо то мохи августи 2013 хар руз 300 фураи боркашро (Аз нишондоди худо-рахмати начальники заставаи приозерный) аз тилло пур карда ба тарафи Хитой мебурданд дар 6 мох ин чи кадар мешавад Мо комондири отряди мургобро дар хитой тобистон дидем ва фикр кардем ки Погран-Комисарский вохурии бад фамидем ки ин кас бойгарии фурухту истодааст ва ба хитой хамчун як Хойин бе выза мерафту меомад. Баройи хамин шуда бояд сарадбонони урус ва 201 дивизия дар Точикистон узур лошта бошанд

бобои шоди ай тани худат гап зан 4 мусафед хизб карда шаф шаф карда нагарден пеш ай гапа гуфтан фикр кун ки ба давлати мо чи манфиат меорад боз карасин мегуяд тарафи русхо ухдадорихояшро ба чо овардааст мардум гуломи русхо депортатсия маоши ночиз бинзин кимат хаминай ухдадориаш русхо дар точикистон курорт омадагиян бехтарин чойхода зиндаги мекунанду на раводид доранду на милиса унора гам метия 1милиард долар тиян ки ба манфиати кишвари мо боша баъд хурда гарданд сархада тияншон ай сархад берун нараванд вакти адои хизмат аеропорт сархади авгонистон тамом дигарчо набинемшон

замир
Шоди Шабдолов хакикатро мегуяд. агар зури русхо дар Точикистон набошад он кадар ансоруллоху мучохиду босмачу хизбуттахриру педафили зиёде бо байраки дини ба Точикистон ворид мешавад ки ин мулк ба харобистон табдил меёбад. ё туъмаи хоми Узбакистон мешавад. дар варианти сем махаплхо ба хам ба чанг мехезапнд ва хеч кадомашон пируз намешаванд зеро дар ин ватан кувваи махаллхо кариб баробар аст ва ин мочаро охир нахохад дошт. русхо ба интихоби касе халал намерасонанд. масалан мачбур накарда буданд, ким Кабириву Зоиров номзадияшонро нагузоранд. бино бар ин дустон аз мост ки бар мост мегуянд рубох раккоси натавониста гуфтааст пойгах танг аст. мо неиз бояд хунари хукуматдориву давлатдориро ёд бгирем пеш аз он ки аз хама гиллаву шикоят кунем.агар 10 фоизи Точикистон донишу вичдону номуси Шабдолро медошт ба ин хол намерасидем..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)