Бахшҳо

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз ду ноҳияи вилояти Хатлон

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон дар маросими ба истифода додани чанд иншоот ширкат варзид.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур боздиди кории президент аз деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт.Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз фонди захиравии президент бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз фанҳои биология, кимиё, физика, синфҳои компютерӣ, синфҳои омўзиши ҳунарҳои дўзандагию таомпазӣ ва ғайра иборат мебошад.  

Пас аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Хуросон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бо кори кишоварзони хоҷагии деҳқонии Шафқати ҷамоати деҳоти Яккатут аз наздик шинос шуд.Зимни сўҳбат бо аъзои хоҷагӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо ғайр аз маош 12 садяк замини ин хоҷагиро барои эҳтиёҷоти оилавии худ истифода бурда, рўзгорашонро таъмин менамоянд.Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ва дигар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кишти такрорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корӣ хуб ба роҳ монда шудааст.Дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иштироки президент як мактаби сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика барои таълими забонҳои хориҷӣ, 2 синфхонаи махсуси технологияи ҳунаромўзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)