Талош барои ҳамлаи Амрико ба Сурия бидуни тасвиби конгрес
Расонаҳои саҳюнистӣ аз давлати Амрико хостаанд то бидуни тасвиби конгрес ҳамла ба Сурияро оғоз кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, расонаҳои саҳюнистӣ пас аз ноумедӣ аз изҳороти ҳафтаи гузаштаи Барак Обама, дар бораи ин, ки тасмимгирӣ барои ҳамла ба Сурияро ба конгрес вогузор карда буд, акнун бори дигар талош доранд, то афкори умумиро ба сӯи ҷанг ҳидоят кунанд.
Дар ҳамин замина канали 10 Исроил аз мақомоти Кохи Сафед хоста, то билофосила пас аз тасвиби сенат ва бидуни тасвиби конгрес ба Сурия ҳамла кунанд.
Ҳамчунин рӯзномаи “Ядиут Оҳорнут” низ аз лобии Исроил дар Амрико(Ойпак) хоста, то конгресро барои тасвиби тарҳи ҳамла ба Сурия таҳти фишор қарор диҳад.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои исроилӣ дар рӯзҳои ахир интиқодоти шадидеро алайҳи давлати Амрико матраҳ кардаанд ва рафтори Обама дар қиболи Сурияро ноумедкунанда хонда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |