Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Вакилон барои шунидани арзи интихобкунандагон мераванд

11 сентябр 2013, 14:10

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз 12 то 22 уми сентябр барои шунидани арзи интихобкунандагонашон, озими вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ мешаванд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон рӯзи чоршанбе, 11-уми сентябр, ба “Озодагон” гуфт, дар ҷараёни ин сафар вакилон, дар бораи мафҳуми асосии истиқлол, ҳифз ва риояи арзишҳои миллӣ, ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 22 – умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамон сӯҳбатҳо анҷом хоҳанд дод.

Султонов афзуд, интихобкунандагон метавонанд роҷеъ ба ҳамаи мавзӯъҳои барояшон муҳим бо вакили худ вориди саволу ҷавоб ва баҳсу баррасиҳо шаванд: “Ҳамаи интихобкунандагон бояд дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо бо вакилони худ фаъолона ширкат намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро ба намояндагони хеш дар парлумони мамлакат иброз намоянд, зеро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ин пешниҳодоти онҳо ба таври васеъ мавриди назар қарор мегиранд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!