Бахшҳо

Рақобат: Ойниҳол Бобоназарова VS Эмомалӣ Раҳмон?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Иттиҳоди нерӯҳои истоҳотхоҳи Тоҷикистон дар баробари нафаре, ки 21 сол зимоми қудратро дар даст дорад, номзадии як ҷинси латифро пешниҳод кард. Акнун Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, нахустин зане дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд, ки барои баландтарин мақом мубориза мекунад.


Тасмими Итиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ як навъ ғайримунтазира ҳам буд. Хелеҳо ҳадс мезаданд, ки номзади онҳо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ё Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) мешавад. Аз нафарони дигаре ҳам назири иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, журналист Абдуқаюми Қаюмзод ном бурда мешуд.

Муҳиддин Кабирӣ далели пешниҳоди номзадии хонум Бобоназароваро ба фишорҳо болои ҲНИТ ва паҳн намудани овозаҳо дар мавриди ин ки гӯиё Раҳматилло Зоиров «агенти Узбакистон» аст, рабт дод.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тақрибан аз се моҳи пеш бо ташаббуси ҲНИТ, ҲСДТ ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ барои интихоботи президентӣ ташкил ёфта, номзади худро 10-уми сентябр эълон кард. Тасмими ИНИТ ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Ҷонибдорон ва мухолифони ин тасмим кам нестанд. Ҳатто бархе аз аъзои иттиҳод гуфтанд, номзадии хонум Бобоназароваро ҷонибдорӣ намекунанд. Мирҳусайн Назриев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ба “Озодагон” гуфт, дар пешбарии номзадии Бобоназарова фикри на ҳамаи ислоҳотхоҳон ба назар гирифта шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ин мавзӯъ ду рӯзи ахир хеле доғ шудааст. Агар гуруҳе аз ин тасмим пуштибонӣ кунанд, қисме ба он шадидан мухолифати худро нишон медиҳанд. Ҳарчанд Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ба ӯ на ҳамчун зан, балки чун шахсият таваҷҷуҳ намоянд, аммо на ҳамаи онҳое, ки вориди баҳсҳо мешаванд, ин нуктаро ба инобат мегиранд. Онҳо бар инанд, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистон омода нест, як занро ба унвони сарвари давлат қабул намояд.

Тоҷикистон дар арафи шашумин интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар панҷ маъракаи сиёсии гузашта ҳеч хонуме вориди корзори интихоботӣ нашуд. Қабл аз интихоботи соли 2006 Ҳуриннисо Ғаффорзода, маъруф ба Мӯътабари Раштӣ, эълон дошт, ки тасмими ширкат дар сабқати президентиро дорад, аммо бо омилҳое барои мо норӯшан аз ин маърака дурӣ ҷуст. Масъалаи номзадии як зан ба мақоми президентиро журналистон дар гузашта чандин маврид баррасӣ кардаанд. Бархеҳо ҳатто рӯйхати бонувонеро, ки метавонанд курсии президентиро соҳибӣ кунанд, тартиб дода буданд. Ҳар нафаре, ки ба ин мавзӯъ дахл кард, аз Ойниҳол Бобоназарова ном бурдааст.

Дар ин радиф исми Озода Раҳмонова, духтари дуюми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Хайриниссо Юсуфӣ (Мавлонова), вакили Маҷлиси намояндагон, Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Саодат Амиршоева, ягона генералзани тоҷик, Махфират Хидирова, вакили парлумон, Зарафо Раҳмонӣ, масъули ҲНИТ, Ҳуриннисо Ализода, муовини директори Китобхонаи миллӣ, Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзида ва Гулрухсори Сафӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон низ дар феҳрасти занҳои муваффақ ва номзади арзанда ба мақоми президентӣ ном бурда мешуд.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, тамоми талошашро барои демократия, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар кишвар харҷ мекунад. Хонум Бобоназарова, ки раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” мебошад, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.

Аз ӯ ба унвони ҳуқуқдони маъруф, шахси боҷуръат, самимиву заминӣ ва ҳалолкор ном мебаранд. Сифатҳое, ки барои як президент хеле лозим аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2013 баргузор мешавад. Ба ҷуз ИНИТ танҳо Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист эълон кардааст, ки муддаии курсии президентӣ мешавад. Аҳзоби дигар ҳам гуфтаанд, ки бо номзади худ вориди корзори интихоботӣ мешаванд ва номзадашон дар анҷуманҳо муайян мегардад. Аммо аз қабл маълум аст, ки номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Новобаста ба ин ки аҳзоби дигар киро номзад ба маснади президентӣ пешниҳод мекунанд, маълум аст, рақобати аслӣ танҳо миёни номзади ҲХДТ (Эмомалӣ Раҳмон) ва ИНИТ (Ойниҳол Бобоназарова) сурат мегирад. Нахустин зани муддаии курсии президентӣ метавонад бар нафаре, ки дар се интихоботи гузашта пирӯз эълон шудааст, ғолиб биёяд, саволест, ки ҷавобашро танҳо баъд аз 6-уми ноябр аз Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хоҳем шунид.
Мӯҳр
К,УРБАКАЯМ ПОША БАРДОШТАС КИ МАНА НАЪЛ КУНЕД...........

Ман фикр мекунам Точикистон ниёз ба номзади нав надорад.Чун Ч О Э Р дигар марде ёфт намешавад чунин хизмат кунад ин мард бе назари Худо нест Худо хамеша ёру мададгор бошад то хаст рохбар бошад.Як бор назаре ба худ кард бад номзадиашонро монанд.

tamomi guruhtona ba mukobili rahmon guzored nameguzared.inro xudaton xub medoned.xalk rahmonro beshtar dust medorand.in zan pir ast.ozodai rahmon javon ast meshavad.agar zan xohem.

Аз зан дида мард рохбар бошад хубаст. Ё ин бародарам занкалон аст. ЧО барои мо мардуми точик олимаком аст.Чун точикро дар арсаи чахон шинохтанд холо сафедро аз сиёх фарк намекунеду менависед.Ч О мувкфакият .

Дар давоми 22 соли истиклололияти Точикистон дар Точикистон ягона чизе ки аз тарафи хукумати кунуни риоя нашуд ин Сарконун буд. Э.Р. натавонист кафили Сарконун бошад ва Сарконун махз аз тарафи хешу табор атрофиён ва домодхо поймол шуда истодааст. Ягон ягон бахше аз Сарконунро ахли оила риоя када бошанд ин хам ба туфали муборизаи чунин шахсиятхое чун Ойнихол аст. агар Оёнихол сари кудрат оянд ман бовари дорам, ки Хукуки озодии шахрвандон таъмин хохад шуд. Баъдан у шахсиятхои бузургро аз тамоми минтакахо сари кудрат хохад овард на ин ки танхо аз як оила. Шахсан ман бо ахли оилаам ба у овоз медихам

Чаноби Икс
ИНИТ бо таъсисаш таконе зад ХХДТ-ро. Бояд голиб ояд Ойнихол.Президент шавад, Рахматиллою Мухуддинро сарвазиру вазир монад...ИНИТ БА ПЕШ!!!

Аслан ман дар як чиз дар фикр афтодаам. Пештар ба худ мегӯфтам "коре мекунам, ба номзадии дигаре овоз медиҳам" аммо ҳоло бошад, ба ин тасмими Аҳзоб дар тааҷҷуб афтодаам ва намедонам чӣ кунам. Ҷаноб мегӯяд "ҷавонон ояндаи Миллатанд"-аммо ҳоло мебинем Миллату Давлат ба ин тасмими худ Давлатро ба як коммунист супориданиянд. Худованд, ту мушкилии моро худ ҳал бикун! Омин.

саид........,Биё Саидчони курбоккашакл,ба поякат наъл бизанам.дуои модарат гирифт,ки ба курбокка мубаддал гаштаи.дар хакикат курбокка будаи.

musofir
bioed bas aku marduma vairon karden ba in bozihoton nahzatam shaitonu digatam moned amomali rahmon davom dihad

Салмон
О.Бобоназарова сад баробар бехтар аз Э.Рахмон аст. ба пеш ба суи пирузи !

Faruh
Дасту дилам аз Мухиддин Кабирию Рахматилло Зоиров хунук шуд. Наход ду марди "бузург" дар пушти як зан пинхон шаванд. Дар аввал худашона шердил ва нотарс хонданд дар охир гайрате пайдо накардан ки номзадии худашона монанд

Муслим
ин президентиро дар кишвар ба як шахс абади нест хар як шахрванди Точикистон озодона метавонад ки номзадии худро монад Иншллох Бобоназарова пируз мешавад

777
Натичаи интихобот маълум.... Орзу мекунам,ки О Бобоназарова бо сари баланд бохтро кабул намуда,аз аввалинхо шуда Э Рахмонро табрик кунад.... Охир пируз шудани у номумкин аст.... захирахои маъмури,СМИ, дар ихтиери кист.... маблагхои пули чи?

shams
Ойниҳол Бобоназарова ба пеш уррааа

Nike
Салому алейкум точикони паршикаста. Бовар кунед дар Точикистон кадрхои хуб хастанд, ки номзадиашонро монанд, неки имконияти номашонро дар интихобот надоранд, ба монанди Зайд Саидов. Ин занаки бечораро фиребу найранг кардагианд, ки номазадиатро мон, азбаски ин шахсро кам одамон мешиносанд. Хаму Ч О Э Р бгу, ки хами президентиро ман намехохам ба ягон каси дигар тиям ин хуб мешавад. Неки ИНШООЛЛОХ хамаи чавобгари дорад. Монед Кабири ва дигарон тавонанд номзадиашонро монанд то, ки халк овоз диханд ва шафоф гузарад. Шарт нест, ки факат ту боши ва баъди ту Рустамчони Эмомомали. Ин сарвари давлат мероси нест. Ё ин ки хешу табори бесаводатро аз гирдат гир то ки бегонахои саводдор кор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)