Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Қарзовӣ ба занҳо иҷоза дод, бе маҳрам ба сафари Ҳаҷ бароянд

11 сентябр 2013, 15:39

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, сафари занонро ба Ҳаҷ бидуни маҳрам (шавҳар, писар, бародар, тағову амак ва ҷиян) раво хондааст. Қарзовӣ ба суоли яке аз корбарони торнамои “qaradawi.net” гуфтааст, ҳар чанд аз Паёмбар (с) аҳодисе дар мавриди мамнуъ будани мусофирати зан дар танҳоӣ омадааст, вале дар замони мо бонувон дар сурате, ки маҳрам надоранд, метавонанд худ ба зиёрати хонаи Худо раванд.

Ба гуфтаи Юсуф Қарзовӣ, сафарҳои ҳозира ба мисли сафарҳои давраҳои пешин хавфу хатари зиёд надорад. Ӯ мегӯяд, “имрӯз шумораи зиёди мардум дастҷамъона тавассути ҳавопаймо, автобус ё киштӣ ба Ҳаҷ сафар мекунанд, ки дигар ҳарос аз рӯбарӯ шудан бо дуздону роҳзанон дар роҳ боқӣ намондааст.”

Аз ин рӯ, ба назари раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, зан метавонад, дар ин фазои ором бо шарикони мусулмони худ ба зиёрати хонаи Худо равад. Дар Тоҷикистон аксари занон бо ҳамроҳии афроди барояшон наздик, ба мисли шавҳар, падар, додару писар ва тағою амаки худ ба зиёрати Ҳаҷ мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон хатои махз кардааст танхо рафтани зан ба хач бе махрам ин мумкин нест инро дар тамоми мазхабхо маън кардаанд, ин Карзови метавонад ин ичозатро ва фатвояшро барои хамон занхои арабхо бидихад на барои мо.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хама дуздон ва рохзанон хамин худи Арабхой чохилу хойн астанд инам яке аз хамон сусмор хурой чохил хеч Араб ба худоу расулаш эткод надорад мисле ку мо Точикондорим инхо хамашон шайтон хастанд тамоми дунё аз дасти хаминхо ором нест ба хамай хамун терористоне ки талим медиханд ва равон мекунанд мисоли оди Афгонистонро бубинед хамрох Покистон ба чи холу руз расонданд
Посух додан
  • vali

  • 12 сентябр 2013 00:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mahram fakat baroi himoyati zan az duzdon va rohzanon ast

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!