Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Оғози мурофиаи Зайд Саидов паси дарҳои баста дар СИЗО

12 сентябр 2013, 08:56

Имрӯз, 12-уми сентябр, баррасии парвандаи нӯҳҷилдаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, оғоз шуд.

ДАР БОРАИ ЗАЙД САИДОВ

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, ин мурофиаи додгоҳӣ дар бинои боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва паси дарҳои баста баргузор хоҳад шуд. Ин мурофиа таҳти раисии Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ҷараён гирифта, наздикону пайвандони Зайд Саидов ҳаққи иштирок дар онро надоранд. Аз ин пеш, вакилони Зайд Саидов талош доштанд, то мӯҳри махфӣ аз парвандаи нафари таҳти ҳимояташон бардошта шавад.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, аз рӯи қонунгузорӣ баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояташ набояд паси дарҳои баста сурат бигирад, чун ин парванда ҳеч сирри давлатӣ надорад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоҳии вакилон мӯҳри махфӣ задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломақом парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ин масъаларо ҳатман бознигарӣ хоҳем кард”.

Оқои Табаров дар идома гуфт, дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиқи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла раҳбари вақти Саридораи геологияи тоҷик, Кумитаи сармоягузорӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоте, ки зери иҷозатномаҳо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварӣ шуда, онҳо ба мурофиаи додгоҳӣ даъват хоҳанд шуд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ донистааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 12 сентябр 2013 12:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо судяро инсофу имон дихад. Омин!
Посух додан
  • мм

  • 13 сентябр 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин гунохи асосиш точикистони нав

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!