Бахшҳо
12 сен 2013 10:53Тоҷикистон / Сиёсат

Сардухтуру раиси шаҳр ҳам қароргоҳи ҲНИТ-ро тафтиш мекунанд

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостори тафтиши қароргоҳ ё дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд шудааст.

Кумита бо ирсоли як нома аз раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Идораи заминсозӣ, меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ширкати Тоҷиктелеком, Идораи дин ва шабакаҳои барқу сардухтури Хуҷанд хостааст, бо ташкили як кумисюн дафтари шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ-ро аз назар гузаронда, баъдан хулосаи худро пешниҳод кунанд. Ин нома бо имзои Тӯраев Ш. Ғ. рӯзи дувуми сентябр навишта шудааст.

Илҳом Ёқубов, раҳбари шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар Суғд, гуфт, “субҳи 12 сентябр чанд нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қароргоҳи шуъбаи вилоятии ҲНИТ ворид шуда, хостанд, биноро аз назар гузаронанд.” Вале ба гуфтаи мусоҳиби мо далели тафтиши қароргоҳи ҲНИТ то ҳол ироа нашуда ва ин тафтишҳо бидуни огоҳии онҳо сурат мегирад.

Аммо дар номаи Кумитаи амнияти миллӣ ба унвонии ниҳодҳои расмии Суғд омадааст, “бинобар зарурияти хизматӣ бо ташкил намудани як комиссия фаъолияти бахши шаҳрии дар Хуҷандбудаи ҲНИТ ва вилоятии дар вилояти Суғдбудаи ҲНИТ-ро дар бинои воқеъ дар микроноҳияи 20-уми Хуҷанд оиди ҷавобгӯ будан ба меъёрҳо ва талаботи мавҷуда мавриди санҷиш қарор дода, ба суроғаи мо хулосаҳои худро пешниҳод намоед.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо бештар аз 40 ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф ба ҳисоб меравад. Аммо баъд аз дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ бо гуруҳе аз имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳоди ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ҳизб садо дод. Инчунин, аксари рӯҳониён аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳизб дар Ислом дуруст нест ва ба ин тартиб баста шудани ҲНИТ-ро дар миён гузоштанд.
Мӯҳр
Дилхунук
Аз сабаби нагузоштани номзадиаш дар интихоботи карибулвукуъ, ман аз чаноби Кабири ва ХНИТ сахт дилхунук шудам. Бобоназарова як кампири коммунист аст. Харгиз овози хешро ба у хайф намекунам. 80% овозхоро сохиб шавад хам, боз намегузарад, аниктар гуем НАМЕГУЗАРОНАНДАШ.Харчанд чаноби Э.Рахмон ва шайкаашро хуш надорам, аммо аз ноилочи ин дафъа хам ба у овоз медихам. Мо чи орзухо доштем, аммо Кабири бо Зоиров хамаро барбод доданд!

Дилгар
Дилхунук! дуруг мегуи ту аз чучахои фабрикаи чавоби, рав ба хамон Чанобат раъй дех!

dilgarm
dilkhunuk gapat rost mardumro akhmak kardestan

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)