Бахшҳо

“Мо Роғунро месозем”-ҳо куҷо шуданд?

Маҳбуби Ганҷаалӣ

Таронаҳо дар васфи “Роғун”, ки замоне садрнишини бахшҳои мусиқӣ ва хонандаи онҳо гули сари сабади телевизионҳо буданд, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Дигар телевизионҳову радиоҳои давлатӣ он ҳамҳамаву дамдамаи “роғуни”-ро надоранд. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки бо ҳарчӣ наздиктар шудани интихоботи президентӣ майдони ин таронаҳо дубора гарм шавад.


Шабакаҳои давлатии телевизионӣ ахиран теъдоди хабару гузоришҳояшон аз сохтмони “Роғун”-ро зиёд кардаанд. Ҳатто шабакаи кӯдакону наврасон – “Баҳористон” ҳам аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ гузориш таҳия мекунад. Нерӯгоҳи Роғун, ки замоне бар рағми мухолифатҳои Узбакистон ба маҳаки умеди ҳама мардуми Тоҷикистон табдил шуда буд, шояд ба унвони василаи ҷалби орои мардум дар интихоботи президентӣ аз сӯи ҳизби ҳоким истифода шавад.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳам дар лоиҳаи консепсияи пешазинтихоботии худ банди марбут ба “Роғун” доштанд, ки ба кор андохтани ду агрегати онро давоми солҳои наздик ваъда мекард, аммо баъдан ин нукта ҳазф шуда, ҷои онро таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ гирифт. Ин тағйиротро бархе коршиносон напазируфтанд ва иддао карданд, ки зикри сохтмони “Роғун” ҳатмӣ буд.

Оғози соли 2010 бо эълони маъракаи саҳмияфурӯшӣ ҳама ҷо “роғунистон” шуд. Шабакаҳои давлатӣ гуруҳ-гуруҳ одамонеро намоиш медод, ки саҳмия мехаранд. Пушти микрофонҳои озоди шабакаҳо одамони зиёде навбат истодаву аз харидории фалон миқдор саҳмия лоф мезаданд. Ҳатто хабарҳое расид, ки фалон нафар тифли навзодашро Роғунбой гузоштаву фалон хонаводаи дигар Саҳмия. Саҳмияву Роғун ба шоу-бизнес ҳам роҳ ёфт. Илҳоми шоирон ҷӯш зад. Ҳатто онҳое, ки дар умрашон як шеър нагуфта буданд, қалам ба даст гирифта, Роғунро васф карданд. Оҳангсозон оҳанг навиштанд, овозхонҳо суруданд. Коргардонҳои телевизион аз ин таронаҳо клипи сиёсӣ сохтанду телевизионҳо онҳоро фаровон ва пайи ҳам намоиш доданд.

Бо шарофати Роғун чандин сарояндаи навроҳ ва онҳое, ки тариқи телевизион баромад кардан мехостанд, ба орзуи худ расиданд. Дуруст аст, ки чеҳраи бештари онҳо аз ТВ намоиш дода нашуд, чун муҳимтар аз он наворҳои президент дар Роғун буд.

Сарояндаҳои шинохтаву ношинохта аз Роғун гуфтанд. Бархеи ин таронаҳо муваффақ шуда дар хотирҳо монд ва қисме бо хомӯш шудани суръати “роғунсозӣ” аз ёдҳо рафт. Бештари таронаҳое, ки дар мавсими “роғунсозӣ” ба майдон омад, “Роғунро мезозем” маънӣ доштанд.

Туҳфаи Ҷумъахон Сафаров таронаи “Биё созем Роғунро” буд.

Аё Роғун, аё Роғун!
Туро чун бораи имони худ бунёд хоҳам кард.
Туро аз лахт лахти ҷони худ бунёд хоҳам кард.
Биё созем Роғунро,
Биё созем, биё созем.
Биё то аз сари нанги ватандорӣ ба по хезем,
Биё бо дасту рӯи пок бо номи Худо хезем.
Биё созем Роғунро,
Биё созем, биё созем.


Исроил Файзиддинов ҳам аз дигарон қафо намонду таронаи мутантани “Мо Роғунро месозем”-ро пешниҳод кард:

Дар кори ту эй Роғун оғози дигар кардем,
Аз сози ту эй Роғун мо сози дигар кардем.
Бо орияту бо нанг бунёди ту сар кардем,
Аз рози ту эй Роғун мо рози дигар кардем.

Бар давлати раҳмонӣ аҳлона камар бастем,
Аз давлати раҳмонӣ дилшоду дигар ҳастем.
Бунёди ту эй Роғун бунёди ватандорист.
Аз неъмати раҳмонӣ озод зи хатар ҳастем.


Дар ин миён таронаҳое низ вориди шоу-бизнес гардид, ки муштаракан иҷро шуда буд. Хотирмонтарини он суруди “Роғун”-и Шабнаму Садриддин ва Баҳром аст.

Пушти дашти Майдон корзори нанг аст,
Шишаи нанги мо бо санг ба ҷанг аст.
Насли Шоҳ Исмоил, Имоми Аъзам,
Ба нарми гул ба сахти мисли санг аст.

Мову ту ҷура, мову ту ҷура,
Дасту ба даст диҳем созем Роғуна ,
Мову ту ҷуру, ҷура ба ҷура.
Китф ба китф ниҳем дорем Роғуна.

Санг дар пушт, дил бар каф,
Дасте ба кор, дасте бар даст.
Як ман танҳо, як ту танҳо,
Танҳо нестем то ондам ки ҳастем мо.

Зарби чоки усто ҳаст зарби Хатлон,
Оби Вахш мекунад, бӯи Зарафшон.
Аз Хуҷанд то Раштон базми ёрон аст,
Санги саҳми Роғун аз Бадахшон аст.


Матни таронаи “Роғун”-и Иззат Шарифӣ, Эҳсон ва Манижа чунин буд:

Аз Суғду аз Бадахшон бархез эй ҷавонмард,
Аз Рашту мулки Хатлон бархез эй ҷавонмард.
Аз Вахши зарнисори аз водии ҳисори,
Дар нангу ордорӣ бархез эй ҷавонмард.
Бунёди НОБ-и Роғун армони миллати мост,
Нерӯи он физояд нерӯю қудрати мо.
Роғун навиди фатҳ аст, Роғун калиди фатҳ аст,
Боби наве кушояд дар рушди давлати мо...


Ансамбли “Дарё” ҳам таронаи “Роғун” хонда буд. Афзалшоҳ Шодиев низ аз паҳлуи ин мавзӯъ ором нагузашт ва “Имрӯз Роғун майдони нанг аст”-ро хонд.

Ҳоло бубинем, телевизионҳо дар арафаи интихобот бо таронаҳои куҳна “роғунсозӣ” мекунанд ё сурудҳои тозаро ба эфир роҳ медиҳанд...
Мӯҳр
э
Холо Рогуншох бо Сахмиябону калонтар шаванд баъд дар бораи Рогун месароянд.

Сахмия
Ай овози тилой нагузатам

Ай овози тилой нагузатам

Mana
ҳамин НБО Роғунро сиёсатмадор ва роҳбари дурбин ва ҷасуру дилсуз мешуд, бе овозаву дарвоза то ин вақта кайҳо сохта тамом мекард, вале афсус фақат воҳима ва вақтгузарони ва ваъдаҳои дуруғ, беҳтараш маблағи ба хуну ҷон баробари халқи бечораро пас гардонед, кори савоб мешавад, дар ҳамин маъракаи сумғундори низ ягон мансабдори сатҳи болои пули нақд дода саҳмия нахаридааст.

гарибшо
махбубаи ганчали пеш аз он ки дар бораи рогун маколае нависи авал тахлили пураи онро намо зеро сохтмони ин иншооти бузурги аср танхо ба шумо таълук надорад барои рушди точикистон ва миллати он сохта мешавад. Рогун сохтмонаш хуб рафтест ва месозем. хавотир нашав. бовари дорам ки дар 5о сомони сахмия харидори накардаи. Мо хомушона ва беовоза минбаъд сохтмони онро идодома дода истодаем. то шумобарин игвоангезо овозаи бунёди онро ба хамсояхои дусти дар нохунаки мо набаред, ки боз рохомона банданду ва ........

Рогунбой
Рогуна вакти гули най месозанд

ягон вақт месозем роғунро,ишоаллоҳ

777
Рогун умеди мост..., бисер икдоми хуб..... лекин хукматдорон фикр накардандки дар хазинаи давлат мабалги пуче нест ва бунед намудани он ба умеди дастгирии хоричиен тахмини ахмакона аст.... мабалгхои пулие,ки мардум аз риску рузии фарзандонаш гирифта ба хукматдорон дод,ягон руз таъсири манфии худро ба хиенатгарон дуздон.ки дар гирди ин иншоот лаб лесида мегарданд иншоолох мерасонад..... Маблгхои пулие ки муалимони хонандагон.нафакахурон аз сайбашон бо тахти фишори хуккматхо доданд ин хуни онхоаст,ки баъзнхо чашида истодаанд.... Хаволашон ба Худо.... Умед мекунем,ки ин иешоот сохта шавад.....Афсус .ки дар вакти гози сохтмон ба Р Зоиров гуш накардем

Чаноби Икс
АГАР 77 РОГУНИ ДИГАР СОЗАНД ХАМ,ХАМОНО ДАР ХОНАИ ЧАНОБИ ИКС ВА КАМБАГАЛХО БАРК ХОМУШ МЕШАВАД...РОГУН БУНЁД ШАВАД БА ХОРИЧА ФУРУХТА МЕШАВД БАРК.БА МАНУ ТУ ЧИЗЕ НАМЕРАСАД....ТОЧИКИСТОН МЕМОНАД ХАМОН ТОРИКИСТОН

"Мо Рогун месозем"хо кучо шуданд?-Дар паси куххо бачо шуданд.

"Мо Рогун месозем"хо кучо шуданд?-Дар паси куххо бачо шуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)