Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ирсол кард

26 июл 2011, 12:10

Охири ҳафтаи гузашта, ё худ 23-юми июли соли равон кўмакҳои башардўстона бо супориши подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз   ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе расид.


Ин кўмаки башардўстона ба миқдори 200 тонна иборат аз маводи ғизоӣ ва хурмо буда, ҳадя ба мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, ёрии башардўстонаро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт  сафири ин кишвар дар ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, аъзои сафоратхона, роҳбари барномаи байналмилалии ғизо, дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд.Сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил дар ин росто тавзеҳ дод, ки бинобар амру супоришҳои воломартаба, пеш аз моҳи шарифи Рамазон, маводди ғизоӣ ва хурмоҳо ба ниёзмандон расонда мешаванд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!