Бахшҳо

Дар Хуҷанд теъдоди ришдорону ҳиҷобпӯшонро дақиқ мекунанд?

Бархе аз сокинони Хуҷанд ба “Озодагон” муроҷиат карда, аз бозпурсии маъмурони пулис дар бораи мардони ришдору занони ҳиҷобпӯш изҳори ташвиш карданд.

Рустам Гулов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳам гуфт, давоми чанд моҳи охир дар Хуҷанд маъмурони пулис хона ба хона гашта, дар бораи занони ҳиҷобпӯш ва ё мардони ришдор суолу ҷавоб мекунанд. Барои мисол, оқои Гулов мегӯяд, дар маҳалаи онҳо ваколатдори оперативии Шӯъбаи умури дохилӣ Тошматов З.Ш. бо раиси маҳалла хона ба хона гаштаанд.

“Ба хонаи мо ду бор омаданд. Ман дар ҳарду ҳолат дар ҷойи кор будам. Бо модарам сӯҳбат карданд. Якум бор ду моҳ қабл ва боз рӯзи 10-уми сентябр ин пурсуҷӯ сурат гирифт. Онҳо аз модарам пурсидаанд, ки дар ҳамсоягии мо чанд нафар ришдор ва ё ҳиҷобдор зиндагӣ мекунад. Модарам аз онҳо нахуст дар мавриди муҳимияти ин ҷузъиёти зиндагии ҳамсояҳо суол мекунанд. Дар ҷавоб Тошматов мегӯяд, ки ба хотири амнияти сокинон бояд онҳо теъдоди занони ҳиҷобдор ва мардони ришдорро дақиқ намоянд”,-афзуд мусоҳиби мо.

Рустам Гулов мегӯяд, модараш ба лейтенанти милитсия гуфтааст, писаронаш ҳам гоҳ-гоҳе риш мемонанд ва ин набояд мушкил барои мақомот бошад. “Модарам гуфтаанд, аслан ҳамсояҳое, ки зиёрат аз Ҳаҷ кардаанд, риш мондаанду ҳиҷоб доранд ва онҳо барои амнияти маҳалла ҳеч хатаре надоранд. Модарам ҳамзамон аз кордзанӣ ва бо маводи мухаддир боздошт шудани ҳамсояҳо мисол оварда ба лейтинант гуфтааст, ин ду нафаре, ки ҳоло боздошт шудаанд, на ҳиҷоб доштанду на риш. Аз ин хотир, хатарро Шумо набояд миёни ҳиҷобдорҳову ришдорҳо ҷустуҷӯ намоед.”

Рустам Гулов мегӯяд, лейтенанти милитсия аз модараш рақами телефони ҳамроҳашро гирифта, вале то ба ҳол мустақим суҳбат анҷом надодаанд. Ин дар ҳолест, ки Идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд рейди маъмурони пулис дар бораи дақиқ кардани мардони ришдору занони ҳиҷобпӯшро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ин иттилоъ асос надорад, вале эҳтимол барои ифшои кадом ҷинояте нафароне дар ин маврид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта бошанду халос.
Мӯҳр
Рости гап ин хандаовар аст, ки сафи риш ва хичобдорро хисоб кунанд. Ин аблах будани онхоро нишон медихад.

Рустам
ин тошматҳову эшматҳо ва свнгу клухҳо то ба кай бар сари мллати тоҷик зулми муғулро раво медида бошанд. Як тошмати дигаш дар маҳбас ҷовононро зада мекушад боз повишени меравад як Қнғуротови дигараш тафтиш карда бузургтари хизматкунандаҳои миллати моро ҷинояткору таҷовузгар эълон мекунад
то мақомоти тоҷик куҷора нигоҳ доранд?. оё шумо фикр намекунед ки ин қло бо ин кор милати моро заиф карда заминаи ҳамлаи Маҳмуд Худозадаевро омода мекунанд?! Оё бовари доред дар он сурат ҳамин тошу пошу қл бар зидди худатон силоҳ намебардоранд?

toshmatov az xujand ast yo az konibodom?

ф
Инхо аз Худо наметарсанд

Мирзо
Аз донишчуёни донишгохи омузгори пурсед дар бораи таъкиби хичобпушони ин донишгох.

Ачоиб. ман то хол бовари надорам ки дар як вилояти номдори чумхури чунин амали палиди кофиронаро раво бинанд. О шумо кофар нестед ку! чи бади дорад духтар аврати худро пушиду мард пайрави ба суннати Пайгамбар (с) кард. равед шумо теъдоди магозахои шаробфурушиву чавонони майзада, аз мактаб дур мондани кудакон, теъдоди дискотекахову марказхои бозии компютери, ба санъати гарб пайрави кардани фарзандони худро ба хисоб гиред. шумораи чавонписарону падарони мухочиргаштаро ба хисоб гиред ки дар як сол чан мурда ворид мегардад, ана чора бинед ку, агар хунар дошта бошед. аз паи амнияти шахрвандон гардед ки оила ба оила дар худи хамин як вилоят (н.Гафуров, мастчохи Исфара) кушта мераванд, касе хабар надорад ва аз паи чустанаш хам нестед, мухри хомуши дар лаб танхо аз паи фаъолияти ХНИТ ва ба ислом ру овардани мардум чашм ало мекунед. То ба кай ин мардуми азият дидаро гумрах мебинам??? То ба кай ба шумо оддитарин фаъолиятатанро нишон диханд???

о теъдоди фасодкоронро дакик кунед ин корхои шумо билкул хамааш зиди конунхои ислом аст аз Худо битарсед э мардум

max
Хайронам барои чи теъдоди занхои зинокори варзобро дакик намекунанд о як бор рафта бинед дар ончо фасодиро аксараташон духтарони мактабхон духтархои чавон аст барои чи пеши рохи онхоро намегиранд!!!!!

Кулоби
Як бор барф борид зардолу намонд ин дафта мушт наборад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)