Бахшҳо

Саволи Шумо ба Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), омодааст, ба ҳама саволҳои хонандагони торнамо ё сайти “Озодагон” посух гӯяд. Ин сӯҳбати онлайнии оқои Кабирӣ бо хонандагони мо дар остонаи Анҷумани навбатии ҲНИТ ва баъд аз эълони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ баргузор мешавад.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки се моҳ пештар таъсис шуда, ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива плюс”-ро ба унвони номзади ягона эълон карданд. Ин тасмими ИНИТ вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Иддае гуфтанд, ҳаққи Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров буд, ки ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат ҷуста, бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат бикунанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ва Зоиров хонум Бобоназароваро номзади арзанда дониста, аз тарафдорону аъзои ҳизби худ хостанд, то ба пуштибонӣ аз ӯ якҷоя кор кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии Ҳизби наҳзати исломиро бар дӯш дорад ва ду дафъа вакили парлумон интихоб шудааст. Вай 20-уми июли соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, то кунун дар мақоми ёвари раиси Кумисюни оштии миллӣ ва раҳбари Маркази “Диалог” кор кардааст. Оқои Кабирӣ айни замон президенти Федератсияи гандболи Тоҷикистон низ мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Мӯҳр
Кай истеъфо медихад?

Суол: Гандболбози бехтар аст ё шахматбози?

МУХТАРАМ КАБИРИ чаро Хизби шумо тарафдори аз акидахой Рофизи мекунад!!

Салом ба кормандони сомона!!!! Хизби нахзат бояд пош хураду кабири бояд тичоратро идома дихад. Бехад точири хуб аст. инро ходисаи интихоби намояндаи инит нишон дод. Боз ба саволхо чавоб медодааст. Чавоби ту ба ки даркор аст???

Darvesh
Salomu durudi bepoyon ba Janobi Kabiri,
Avalo az Shumo pursidani budam ki, dar intikhoboti dar pesh istoda chand nafar ray'i ovozdihiro dorad?
Az on nafarone ki hukuki ovozdihiro dorand, chand nafarshon dar davlathoi khorija hastand?
Ba misoli Russiya, Korea, Khitoy, Amrico va yakchandto davlathoi Avrupo. Chunki mo medonem shahrvandoni TJK dar in davlatho zindagi dorand va mikdori onho az 1mln nafar ziyodro tashkil medihad?
Misoli oddi mo dar davlati khorija zindagi dorem, ammo har marotibae ki intikhobot meshavad, ba khonai mo ki dar TJK ast da'vatnomi intikhobot meoyad... ba joi mo ki ovoz doda istodaast???
Mo vakte ki dar furudgoh guzashtan, hujjate ki az tarafi Khadamoti muhojirati TJK peshnihod shudaast pur kardem, boyad onh donand ki mo dar Jumhuri nestem, ammo novobasta az in onho ba mo da'vatnomai intikhobot ravon mekunand!!!.
Khadamoti muhojirat meguyad ki dar Russia 800000 nafar muhojironi Tojikiston hastand. Ammo dar voke' gired onjo ziyoda az 1500000 naar zindagi dorad. Hamai onho dar intikhobot ishtirok namekunad, ba joi onho ki ovoz medihad????
Misoli oddii digar... Barodaroni digari man dar digar davlathoi khorij hastand ammo ba nomi onho niz dar TJK da'vatnomai intikhobot meoyad!!! Ki in ovozhoro megirad? Chunki az khulosai Markazi intikhoboti dida budem omadaast ki hama intikhobkunandagon ishtirok kardand!!! ki ba joi onho ovoz dod??????
Khud kazovat kuned dar Tojikiston holo chand shahrvand hukuki ovozdihiro dorad? Az on shahrvandone ki dar TJK zindagi dorand?? Oyo hamai onho dar intikhobot ishtirok mekunad???
Agar khohed mo ba Shumo isbot mekunem ki INTIKHOBOTI TOJIKISTON dar hakikatan SHAFOF ast... Chunki ba joi mo digaron ba kase khohand ovoz MEDIHAND!!!!!!!! Davom dorad..................

Аҳмад
Салому алайкум устоди Муҳтарам
Оё Раҳматулло Зоиров дар ҳақиқат тарафдори номзади ягона буд? Агар ҷавоб бале бошад пас чаро ба ҶМТ дар шабакаи фейсбук ҷавобе наменависад, онҳо то ҳол даъво доранд ки номзади ягонаи онҳо Зоиров аст ва пирузи ба дасти онҳост. Хомуш нишастани Зоиров ва ҷавоб нагуфтан ба ин гуруҳҳо моънои аҳду паймон шикастанро надорад?
Ва чуноне ки мебинем ҶМТ ҳамаи ин мушкилот ва интихоб нашудани Зоировро бар сари шумо ва ҳизбатон ва Тураҷонзода боркарда истодаанд, Оё дар ҳақиқат шумо номзадии Зоировро нахостед? саломат бошед.

Холномаи ишонро комилтару дурустар тахия намоед

Мӯҳиддин Кабирии мӯҳтарам. Аз интихоби номзад ҳис кардам, ки фишорҳое нисбати шахсан Шумо аз тарафи ҳукумат мавҷуд аст. 1) Оё ин фишорҳо ба фишорҳои ба аъзоёни ҲНИТ монандӣ дорад? 2) Мегӯянд интихоби номзад ғайридемократӣ сурат гирифтааст. Яъне, ин тасмим танҳо аз тарафи ҲНИТ ва ҲСДТ сурат гирифтааст. То кадом дараҷа ин ҳақиқат дорад? 3) Оё ин интихоб ҷасорат надоштани шумову ҲНИТ - ро нишон намедиҳад? 4) Ҳангоми ин интихоб оё шумо ба инобат гирифта будед, ки вуҷуди ИНИТ дар хатар мешавад ва қимати ҲНИТ поён меравад. 5) Худи Зоиров барои номзад шудан ба воситаи шабакаҳо хабар дода буд. Чаро шумо онро нодида гирифта гуфтед, ки оё Зоиров ба мо муроҷиат кардааст? 6) Маълум буд, ки Зоиров номзади арзандаат ва ҳам худаш номзад шудан мехоҳад. Аммо шумо "ӯро ба агенти Ӯзбекистон мӯтаҳам кардаанд" гуфта ҷонибдорӣ накардед. Оё ин асос шуда метавонад, ки аз ӯ ҷонибдорӣ накард ё аз тарафи ҳукумат ягон фишори дигар дар нақша буд, ки мо намедонем.

Мухочирбача
Рафик Кабири барои чи шумо ва Рахмутулло Зоиров дар ноором кардани ватани махбубамон ин кадар сайъу кушиш карда истотаед. Шумо ва Зоиров ба мардум чи хизмат кардед? дасти ягон бенаворо гирифтед?ба мардуми азизи Точикистон гайр аз кинаву бухл игво андохтан боз чи корхоеро ба анчом расонидаед? Мо дар охир аз шумо хохиш дорем ки мардуми осудаю оромро ноором накунед илтимос! Худованд бухлу кинаву адоматро аз шумо ва аз дили Зоиров берун кунад ОМИН.

Салом!
Вокеан, дар пешбарии хонум О. Бобоназарова ба унвони номзади вохид барои курсии райисчумхури тардид надорам ва барояш барор мехохам. Агар имкон бошад, кумаки молияви хохам намуд. Имруз, ки чомеаи огохи кишвар аз дасткашидани чанобон Кабири ва Зойиров барои сабкати президенти бахсхо доранд ва далелхои овардаи Шуморо низ чандон эътимодбахш намехисобанд. Инчунин маълум гашт, ки омили дасткашидани Р. Зойиров аз пешниходи номзади вохиди ИНИТ ин хонум Зарафо Рахмони будааст.... Узри маро кабул фармоед, намехохам ба иззати нафси касе расам, вале харгиз кабул надорам, ки Зарафо Р. хамчун ба як фарди таъсиргузор расида бошад ва харфи уро Шумо ва дигар аъзоёни ИНИТ хамчун "пешниходи кабул" хисоби гардидааст. Хохиш менамоям, аз ин ба баъд хар як харфи пучу хушкро кабул нанамоед, ки ин хосси як хизби умдаи сиёси нест. Агар худи Шумо хохиши номзад гардидани Зойиров мебудед, пас як харфи пучи Зарафо Р.-ро ботил кардан барои Шумо мушкил буд?

Гургали
Агар шуморо Президент интихоб кунанд шумо аз худ бовар доред, ки аз ухдааш мебароед.

Салим
Мегуянд , аз гунчишк тарси арзан накор. Чаро шумо аз пешбарии номзадии худ ба макоми прездинети дар интихоботи навбати тарсидед? Фикр намекунед ки ормонхои хазорон нафарро бар бод додед? Чаро нагузоштед ки акалан номзадии Р.Зоиров пешниход шавад? Зарафо Рахмони магар хак дорад ки ба Зоиров гуяд ки шумо набояд пешбари шавед ба ин маком?

Галина
Оё казияи Зайд Саидов ба шумо хам таъсир кард, ки аз пешбарии номзадии худ дар интихоботи президенти худдори варзидед?

Мо аз шумо умед доштем ки номзад мешавед. Аммо шумо номзадиатонро намондед, президент то агар одами ботакво ва худотарс набошад фикри халкро намекунад, одамеки аз Худо метарсад хизмати халкро мекунад, чунки медонад ки фадо рузи киемат Худованд аз хамаи корхои кардааш уро мепурсад. Шахсан ман норозиам аз шумо барои номзадиатонро намондан.

Саидов Сами
чаноби Кабири барои чи Зоиров нею Бобоназарова?
Хуб шуд ки номзадии худро намондед. Бо он аъзохои мутассиби худ оё шумо хукуматдори карда метавонед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)