Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Раҳмон бо президенти Чин дар мавриди лӯлаи газ созишнома мебандад

12 сентябр 2013, 15:36

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки айни ҳол барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек қарор дорад, имрӯз, 12-уми сентябр бо президенти Чин, Си Ҷинпин мулоқот хоҳад кард.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, хабар доданд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чин имзои созишномаи дуҷониба доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.
Инчунин имрӯз мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, фардо 13-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, чанд мулоқоти дуҷонибаи дигар анҷом хоҳад дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!