Бахшҳо

Бозиҳои даври 13-ум рӯзҳои 14-15 сентябр баргузор мегардад

Рӯзҳои 14-15-уми сентябр бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Се бозии ин давр миёни дастаҳои “Парвоз” - “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” - “Энергетик” ва “Истаравшан” - “Истиқлол” доир мегардад.

Бозии дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро, ки дар Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад, Сафармаҳмад Шоймардонов доварӣ мекунад.

Дастаҳои ССКА “Помир” ва “Энергетик” дар Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба сабқат мебароянд. Ин бозиро Диловаршоҳ Орзуев доварӣ хоҳад кард.

Дастаҳои “Истаравшан” - “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешаванд. Бозиро Равшан Ишматов назорат мекунад. Бозии охирини даври 13-ум бошад рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд - “Хайр”-и Ваҳдат баргузор мегардад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд барпо мегардад. Дар ин бозӣ низ Равшан Ишматов сардовар таъин шудааст.

Феълан дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 30 имтиёз дар садри аввал нишастааст. Дастаи “Равшан” дар мусобиқоти қаҳрамонии имсола ягон бохт надорад. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозӣ аз тими “Равшан” шикаст хӯрда буд, бо 24 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Ҷойи сеюмро бошад, дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 20 имтиёз ба худ касб кардааст.

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”/ ”Истиқлол”) - 7 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) - 5 тӯб.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)