Русия баъд аз Амрико дуюмин кишвари сермуҳоҷир будааст
Коршиносони СММ дар гузорише оид ба вазъи муҳоҷират дар ҷаҳон гуфтаанд, Русия аз рӯи теъдоди муҳоҷирон баъд аз ИМА, ки 45,8 миллион муҳоҷир дорад, дар мақоми дуюм аст.
Ба иттилои Бӣ-бӣ-сӣ, дар зинаи сеюм бо 9,8 миллион муҳоҷир Олмон қарор дорад. Тибқи ин гузориш дар Арабистони Саудӣ 9,1 миллион, Аморати муттаҳидаи Араб 7,8 миллион ва Бритониёи кабир 7,8 миллион муҳоҷир ба сар мебурдааст.
Фаронса бо 7,4 миллион, Канада бо 7,3 миллион, Австралия ва Испания, ҳар кадом 6,5 миллионӣ низ шомили даҳгона шудаанд.
Теъдоди зиёди муҳоҷирон дар марзи муштараки Мексика ва ИМА ба қайд расидааст. Дар соли равон онро 13 миллион нафар убур кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |